Ҳиллари Клинтон аз вазъи солимиаш маълумот дод

Собиқ котиби давлатӣ ва феълан номзад ба мансаби раиҷумҳури ИМА аз Ҳизби демократӣ Ҳиллари Клинтон, ки бемориашро илтиҳоби шуш (пневмония) ташхис кардаанд, дар Twitterи худ изҳор дошт, ки худро хуб ҳис мекунад ва вазъи сиҳатиаш рӯ ба беҳбудӣ меоварад. Сиёсатмадор қайд кардааст, ки бесаброна замони бозгашт ба корро интизорӣ дорад, то ки бо ҷонибдоронаш дар […]

Asia-Plus

Собиқ котиби давлатӣ ва феълан номзад ба мансаби раиҷумҳури ИМА аз Ҳизби демократӣ Ҳиллари Клинтон, ки бемориашро илтиҳоби шуш (пневмония) ташхис кардаанд, дар Twitterи худ изҳор дошт, ки худро хуб ҳис мекунад ва вазъи сиҳатиаш рӯ ба беҳбудӣ меоварад.

Сиёсатмадор қайд кардааст, ки бесаброна замони бозгашт ба корро интизорӣ дорад, то ки бо ҷонибдоронаш дар маъракаи пешазинтихоботӣ дидору мулоқот намояд.

Хабаргузории РБК менависад, рӯзи 11 сентябр ҳангоми суханронӣ дар чорабинӣ бахшида ба ёдбуди қурбониёни амали террористӣ дар Ню-Йорк вазъи Ҳиллари Клинтон бад шуд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ситоди номзад ба мансаби президенти ИМА аз Ҳизби демократ Ҳиллари Клинтон эътироф кард, ки тасмими аз вазъи сиҳатии номзад ба ҷомеа хабар надодан нодуруст аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.