Яке аз масҷидҳои кӯҳнаи шаҳри Тошканд номи Ислом Каримовро гирифт

Яке аз масҷидҳои кӯҳнаи шаҳри Тошканд баъди бозсозӣ шуданаш номи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистонро гирифт. Лола Тиллоева-Каримова, духтари хурдии Ислом Каримов, рӯзи 13-уми сентябр бо нашри баёнияе дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук гуфтааст, масҷидро ӯ ва ҳамсараш Тимур Тиллоев бозсозӣ карда ва бо машварату ризояти рӯҳониён ба он номи "Ислом – Ота"-ро гузоштанд. […]

Asia-Plus

Яке аз масҷидҳои кӯҳнаи шаҳри Тошканд баъди бозсозӣ шуданаш номи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистонро гирифт.

Лола Тиллоева-Каримова, духтари хурдии Ислом Каримов, рӯзи 13-уми сентябр бо нашри баёнияе дар саҳифаи расмияш дар Фейсбук гуфтааст, масҷидро ӯ ва ҳамсараш Тимур Тиллоев бозсозӣ карда ва бо машварату ризояти рӯҳониён ба он номи "Ислом – Ота"-ро гузоштанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, масҷиди "Ислом – Ота" дар кӯчаи Фарғонаи пойтахти Узбакистон воқеъ буда, соли 2015 куллан сӯхта буд. "Аз Худованд бениҳоят сипосгузорам, ки ба ману ҳамсарам ин имконро дод, то кори савобро ба анҷом расонем ва масҷидро аз нав созем", – навиштааст Лола. Ба қавли ӯ, сохтмони ин масҷид соли гузашта шуруъ шуда, нуҳ моҳ идома кардааст.

Дар ҳамин ҳол, президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 12 сентябр бо сафари корӣ ба Ӯзбекистон ташриф оварда, дар шаҳри Самарқанд ба хотири арзи эҳтироми собиқ президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов қабрӣ ӯро зиёрат ва рӯи он гул гузошт.

Дар доираи ин сафар мулоқоти президенти Қазоқистон бо муваққатан иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар назар аст ва ин нахустин вохӯрии сарвари кишвари хориҷӣ бо иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон баъди таъини ӯ ба ин вазифа аст.

Қаблан, рӯзи 6 сентябр президенти Русия Владимир Путин ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.