Дасти тоҷикону чиниҳо ва русиягиҳо дар амали террористии назди сафорати Чин дар Бишкек

Ба содир кардани амали террористӣ назди сафоратхонаи Чин дар Бишкек афроде даст доранд, ки зодагони Русия, Тоҷикистон ва Чин мебошанд. Дар ин бора рӯзи 13 сентябр муовини аввали директори Хадамоти федералии амнияти Русия Сергей Смирнов ба ВАО хабар дод. “Тадбирҳои ошкор сохтани шахсоне, ки ба амали террористӣ дар шаҳри Бишкек алоқамандӣ доранд, дар ҳамоҳангӣ бо […]

Asia-Plus

Ба содир кардани амали террористӣ назди сафоратхонаи Чин дар Бишкек афроде даст доранд, ки зодагони Русия, Тоҷикистон ва Чин мебошанд. Дар ин бора рӯзи 13 сентябр муовини аввали директори Хадамоти федералии амнияти Русия Сергей Смирнов ба ВАО хабар дод.

“Тадбирҳои ошкор сохтани шахсоне, ки ба амали террористӣ дар шаҳри Бишкек алоқамандӣ доранд, дар ҳамоҳангӣ бо хадамоти махсуси Созмони ҳамкории Шанхай идома дорад”, – иттилоъ медиҳад “Известия” бо истинод ба Смирнов.

Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 30 август назди сафоратхонаи Чин дар Қирғизистон таркиши шадиде рух дода, бар асари он як нафар ҳалок ва се посбони намояндагии дипломатӣ ҷароҳат бардоштанд. Ин таркиш амали терористӣ унвон шуд.

Баъдан КДАМ Қирғизистон иттилоъ дод, ки ҷангии маргталаб, ки назди сафоратхонаи Чин дар Бишкек ба амали террористӣ даст зада буд, ба номи шаҳрванди Тоҷикистон Зоир Халилов шиноснома доштааст.

Дар посух ВКД Тоҷикистон изҳор намуд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки шиносномаашон ҳангоми содир шудани амали террористӣ назди сафоратхонаи Чин дар Бишкек истифода шудааст, айни замон дар Сурияқарор дошта, дар сафҳои Давлати исломӣ (ДИ) меҷанганд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.