Сафари кории президенти мамлакат ба вилояти Суғд

Asia-Plus

Субҳи рӯзи 11 сентябр сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд оғоз гардида, сарвари давлат нахуст ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Пешвои миллат нахуст бо пахш кардани тугмачаи рамзӣ маркази нави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки навбунёди Меҳронро чароғон намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо лоиҳаи нави маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ шаҳраки Меҳрон аз наздик шинос гардид.

Дар маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, шаҳраки Меҳрон, Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ як бинои дуошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази навбунёди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро расман ифтитоҳ намуд.

Пешвои миллат аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дидан карданд. Дар ин ҷо ба сарвари давлат иттилоъ доданд, ки барои занону бонувони бешуғл барои касбомӯзӣ шароити хуб фароҳам шудааст.

Пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо бинои нави Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳамин бино дар ҳузури беш аз ду ҳазор нафар сокинон ва фаъолони ноҳия суханронӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамзамон дар хоҷагии деҳқонии «Валиғунд»-и ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар оғози чиниши картошка иштирок ва бо дастовардҳои кишоварзон шинос шуд.

Дар рӯзи дуюми сафари кории худ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафаробод ташриф овард.

Дар идомаи сафар ба ноҳияи Зафаробод Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20, ки дар маҳаллаи «Бахт»-и ҷамоати шаҳраки Зафаробод ҷойгир аст инштирок кард.

Баъди ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Бахт» аз ҷараёни оғози ғунучини пахта ва фаъолияти соҳаи кишоварзии ноҳия шинос шуд.

Дар ноҳияи Зафаробод, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти коргоҳи ҳунаромӯзии  “Азиза” расман оғоз бахшиданд. Президенти мамлакат бо шароити меҳнатии фароҳамовардашуда дар ин коргоҳ ошно гардида, барои боз ҳам беҳтар намудани шароит ва дастгирии коргарон ба соҳибкорон дастуру супоришҳо дод.

Дар маркази шаҳраки Зафаробод Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ҳазорҳо нафар сокинону меҳмонони ноҳия дар вазъияти тантанавӣ аз болои муҷассамаи нахустин бунёдгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ пардаро гирифта, Парчами миллиро боло бардошт.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...