Гумонбарии набера дар қатли бобову бибӣ

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар куштори бераҳмонаи ҳамсарони пиронсолу рӯзгордида – Раҳмонбой Пирназарови 94-сола ва Зебуннисо Пирназароваи 84-сола набераи 24-солаи онҳоро боздошт намуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи наздик ба оилаи Пирназаровҳо хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, волидони боздоштшуда – писари кушташудагон ва модараш ҳангоми дусола будани […]

Аваз Юлдошев

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар куштори бераҳмонаи ҳамсарони пиронсолу рӯзгордида – Раҳмонбой Пирназарови 94-сола ва Зебуннисо Пирназароваи 84-сола набераи 24-солаи онҳоро боздошт намуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаи наздик ба оилаи Пирназаровҳо хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, волидони боздоштшуда – писари кушташудагон ва модараш ҳангоми дусола будани ӯ аз ҳам ҷудо мешаванд, вале бобову бибӣ ӯро аёдат намуда, набераашон ҳам бисёр вақт меҳмони онҳо мешудааст.

Тақрибан се сол пеш гумонбаршуда барои дуздӣ маҳкум шуда, аввали моҳи июн ба озодӣ мебарояд ва аз бобову модаркалони худ талаб мекунад, ки барои пардохти маблағҳои дар зиндон қарздоршудааш, ки дар маҷмӯъ 24 ҳазор сомониро ташкил медодаанд, ба ӯ кумак намоянд, вале чун огаҳ мешавад, ки онҳо умуман ин миқдор маблағ надоранд, бо даҳҳо зарбаи корд онҳоро ба қатл мерасонад.

Ёдрас мекунем, ки ҳодисаи пурсарусадои куштори ҳамсарони пиронсолу рӯзгордида – хусур ва хушдомани Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, роҳбари Ансамбли давлатии “Шашмақом” Фурқат Саидов шаби 4 сентябр рух дода буд. Ҷасадҳои онҳо дар манзилашон, воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт дарёфт гардида буд.

Дарҳол ба гумони даст доштан дар ин ҷинояти мудҳиш як нафар сокини пойтахт боздошт шуда, вале он замон Вазорати корҳои дохилӣ аз ному насаби боздоштшуда маълумот надода буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио