Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ду кох дар Хуҷанд ҳусни оғоз бахшид

Asia-Plus

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати вилоятӣ ва шаҳрии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, Кохи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ва Кохи фарҳанги «Суғдиён» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо ифтитоҳи чунин як даргоҳи фарҳангӣ сардори давлат ба 25 ҷуфт оилаҳои навбунёд шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 25 навзод шаҳодатномаи таввалуд супорид.

Ҳамчунин ба волидони сегоникҳо Набиев Мутаалибҷон ва Набиева Мағфират калиди хонаи се ҳуҷрага тақдим карда шуд.

Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда сохтмонаш моҳи феврали соли 2016 оғоз гардида, дар тӯли 8 моҳ ба пураги сохта ба истифода дода шуд.

Дар ошёнаи якум толори ақди никоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудааст. Дар ошёнаи дуюм қисмати шӯъбаи ақди никоҳ ва аснодҳои шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудаанд. Ошёнаи сеюм аз шӯъбаи ақди никоҳ ва аснодҳои ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд иборат мебошад. Дар ин ҷо беш аз 20 утоқи корӣ ва дар таҳхонаи бино ошхона барои 80 нафар дар як вақт, толори қабули меҳмонон бунёд ёфтааст.

Қисмати бино барои Ансамбли рақсии «Зебо» – толори бо шароити зарурии тамрин бунёд ёфтааст. Хобгоҳ барои писарбачагон ва духтарон бо 80 кат ва хуҷраҳои ёрирасон сохта шудааст. Толори намоиш ва гузаронидани маҳфилҳо, консертҳо ва дигар вохӯриҳо барои 700 ҷойи нишаст, бо ороиши усули меъморӣ ва санъати миллӣ сохта шудааст.

Фармоишгари иншоот идораи сохтмони асосӣ вилоят буда, пудратчии асосӣ ширкати сохтмонии ҶДММ «Евростройсервис» мебошад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароит кормандони ин даргоҳро зарураст аст, ки пайваста баҳри тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор дошта, масоили ватандустиву меҳанпарастиро бештар аз пештара тарғиб намуда баҳри мардуми минтақа хидмати одилонаро анҷом диҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави хуштарҳу замонавии мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо харҷи беш аз 30 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...