Изҳороти ФФТ доир ба қазияи муноқиша дар бозии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар робита ба маълумот доир ба муноқиша дар бозии футбол миёни дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Братск изҳороти расмӣ пахш намуд. «Расман изҳор мекунем, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон барои иштирок дар ин мусобиқа даъватнома нагирифта ва мутаносибан ҳеҷ як дастаеро барои иштирок дар он сафарбар накардааст», – омадааст дар […]

Asia-Plus

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар робита ба маълумот доир ба муноқиша дар бозии футбол миёни дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Братск изҳороти расмӣ пахш намуд.

«Расман изҳор мекунем, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон барои иштирок дар ин мусобиқа даъватнома нагирифта ва мутаносибан ҳеҷ як дастаеро барои иштирок дар он сафарбар накардааст», – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, бинобар ин дастаи дар мусобиқаи Братск иштироккарда расман ҳамчун мунтахаби Тоҷикистон муаррифӣ шуда наметавонад ва ин мусобиқа миёни намояндагони диаспораҳо гузаронида шудааст.

«Ба васоити ахбори умумии ҷудогона бо истифода аз ин ҳодиса муяссар нахоҳад шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва бародарона миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамчунин байни федератсияҳои миллии футболи ҳарду кишварро халалдор созанд», – таъкид мешавад дар изҳороти расмии ФФТ. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.