Ҳукми зиндон ба 6 миллатгарои рус барои ҳамла ба муҳоҷирон

Шаш тан аз сокинони шаҳр ва вилояти Маскав барои ҳамлаҳо ба муҳоҷирон дар электричкаҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан дар доираи ба истилоҳ аксияи «вагони сафед» (белый вагон) ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум шуданд. Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи тафтишоти Русия, бар асари ин амалҳои маҳкумшудагон се нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, як нафар ҳалок шудааст. Гуфта […]

Asia-Plus

Шаш тан аз сокинони шаҳр ва вилояти Маскав барои ҳамлаҳо ба муҳоҷирон дар электричкаҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан дар доираи ба истилоҳ аксияи «вагони сафед» (белый вагон) ба муҳлатҳои гуногуни зиндон маҳкум шуданд.

Бино ба иттилои сомонаи Кумитаи тафтишоти Русия, бар асари ин амалҳои маҳкумшудагон се нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, як нафар ҳалок шудааст.

Гуфта мешавад, замони содир шудани ҷиноятҳо ҳамаи маҳкумшудагон ноболиғ буда, онҳо ба аз 4,5 соли адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳии тарбиявӣ ва то 2 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳадаф аз аксияи «вагони сафед» лату кӯби афроди симояшон ғайриславянӣ дар вагонҳои қатораҳои байнишаҳрӣ ва истгоҳҳои роҳи оҳани шаҳру вилояти Маскав, яъне содир кардани амалҳои зӯроварона нисбати намояндагони миллатҳои симояшон ғайриславянӣ ва гурӯҳҳои ҷудокарда аз рӯи аломатҳои миллӣ мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.