Тамринҳои муштараки 800 нафар низомиёни Тоҷикистону Русия

Дар машқгоҳи Лоҳур тамринҳои муштараки тактикии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон оғоз гардид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Ҳавзаии марказии низомии Русия, гурӯҳи баталйонии тактикии пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо бонги хатар бархезонида шуда, ба маҳалли баргузории тамрин бо тирандозии ҷангӣ раҳпаймоӣ намуд. Гуфта мешавад, давоми як ҳафта сарбозону […]

Asia-Plus

Дар машқгоҳи Лоҳур тамринҳои муштараки тактикии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо воҳидҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон оғоз гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Ҳавзаии марказии низомии Русия, гурӯҳи баталйонии тактикии пойгоҳи низомии 201-уми Русия бо бонги хатар бархезонида шуда, ба маҳалли баргузории тамрин бо тирандозии ҷангӣ раҳпаймоӣ намуд.

Гуфта мешавад, давоми як ҳафта сарбозону афсарон як қатор вазифаҳо дар минтақаи кӯҳистонро дар ҳайати воҳидҳои ҷангӣ иҷро намуда, малакаҳои мудофиа ва ҳамла, ҷустуҷӯву дарёфт ва нобуд сохтани душмани эҳтимолиро такмил медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ба размоиш ҳудуди 200 адад техникаи ҳарбӣ ва то 800 нафар хизматчиёни ҳарбии ҳарду кишвар сафарбар мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.