Дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ имзои 13 санад дар назар аст

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил санаи 16 сентябр дар шаҳри Бишкек доир мегардад, ки дар он иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст. Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ин ҷаласа имзои 13 лоиҳаи санадҳо дар бахшҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва таъмини амният ба нақша гирифта шудааст. Гуфта мешавад, […]

Asia-Plus

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил санаи 16 сентябр дар шаҳри Бишкек доир мегардад, ки дар он иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ин ҷаласа имзои 13 лоиҳаи санадҳо дар бахшҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва таъмини амният ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа аз ҷумла қабули изҳороти кишварҳои узви ИДМ доир ба 25-солагии ИДМ ва 70-солагии анҷоми кори трибунали Нюрнберг, баррасии лоиҳаи қарорҳо оид ба  эълони соли 2017 ҳамчун Соли оила, баргузории барномаи “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” соли 2017 дар Озарбойҷон, баргузории барӯйхатгирии аҳолӣ дар марҳилаи то соли 2020 ва дигар масоили муҳими рӯзномаи ҷаласа дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории 24.kg дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ҳукуматдорони Қирғизистон баҳри қабули шоистаи меҳмонони олиқадр ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд. Дар қароргоҳи ҳукуматии “Ала-Арча” дар шакли юрта Хонаи нави қабули меҳмонон бунёд шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.