Тоҷикистон бозорҳои Аврупоро тарк карда, ба Осиё рӯ меорад

Date:

Аз оғози соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо беш аз нисф кам шуда, ҳамзамон бо кишварҳои қораи Осиё 10% афзудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо (хориҷи дур) ҳудуди 195 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 50,3% камтар аст. Аз оғози сол Тоҷикистон бо 35 кишвари ин минтақа муомилоти молӣ анҷом додааст.

Тӯли моҳҳои январ-августи соли 2015 ҳаҷми муомилоти молии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиё (хориҷи дур) беш аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10% зиёдтар аст. Аз оғози сол Тоҷикистон бо 31 кишвари ин минтақа муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷи наздик (ИДМ) дар ин давра зиёда аз 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додаааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин 7,6% камтар мебошад.

Тавре Агентии омор иттилоъ медиҳад, тайи моҳҳои январ-августи соли 2015 ҳамчунин коҳиши ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои қитъаи Амрико ба андозаи 2,2% ба қайд гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ, тӯли 8 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 2 млрд. 545 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 7,6% ё худ 222,1 млн. доллари ИМА камтар аст. Аз оғози сол ҷумҳурӣ бо 104 кивари саросари ҷаҳон муомилоти молӣ анҷом додааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия ва Чин маҳсуб ёфта, тайи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия ҳудуди 660 млн. доллари ИМА ва Тоҷикистону Чин – қариб 620 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми муомилот бо Русия 10% кам шуда, бо Чин – ба андозаи 45% афзудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...