Баррасии ояндаи захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар Алмаато

Пайрав Чоршанбиев

Дар форуми аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар шаҳри Алмаато созмондодашуда бо иштироки беш аз 200 нафар намояндагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи байнулмилалӣ масъалаи ояндаи истифодаи захираҳои обии минтақа баррасӣ мешавад.

«Форум ҷиҳати беҳбуди дастрасӣ ба таҷрибаи пешқадам дар такмили механизмҳои мониторинг ва идоракунии захираҳои обӣ дар партави тағйирёбандаи рушди байнулмилалӣ ва тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад», – омадааст дар хабари Бонки ҷаҳонӣ.

Гуфта мешавад, ин чорабинӣ дар доираи таҳияи Барнома оид ба идоракунии захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ доир мегардад, ки ҳадафи он азнавсозии низомҳои идоракунии захираҳои обӣ ва идомаи таҳкими имконоти дахлдори минтақавӣ дар ин самт мебошад.

Форум имрӯз оғоз гардида, то 22 сентябр идома меёбад. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ сардори Раёсати сиёсат оид ба об ва энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Холматов роҳбарӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки қисмати асосии захираҳои обии ҳавзаи баҳри Арал (80%) дар болооби дарёҳои қаламрави Қирғизистон ва Тоҷикистон ташаккул меёбад ва дар ҳамин ҳол, қисмати хеле бештари он барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти обёрӣ дар поёноби дарёҳо – Қазоқистон, Туркманистн ва Ӯзбекистон истифода мешавад, ки беш аз 83%-и заминҳои обёрии минтақа дар ин кишварҳо ҷойгиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...