Капитани милисаи ноболиғро латукӯбкарда аз вазифа барканор шуд

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як посух ба сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” аз баррасӣ гардидани муроҷиати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ хабар дод. Бино ба маълумоти торнамои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, дар вокуниши мазкур омадааст, ки “оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе […]

Asia-Plus

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як посух ба сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” аз баррасӣ гардидани муроҷиати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ хабар дод.

Бино ба маълумоти торнамои Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, дар вокуниши мазкур омадааст, ки “оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида шуда, муқаррар гардид, ки нозири шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии РВКД дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Каримов Отамурод бинобар сабаби аз ҷониби шаҳрвандон нисбаташ беҳурматӣ зоҳир намудан ба ғазаб омада, бо алфози қабеҳ сухан гуфта, нисбаташон даст бардоштааст».

Гуфта мешавад, барои роҳ додан ба қонунвайронкунии мазкур, Каримов О. аз вазифаи ишғолкардааш озод шуда, рухсатшавии ӯ аз мақомоти корҳои дохилӣ масъалагузорӣ карда шуд. Санҷиш дар ин самт идома дошта, дар сурати муайян шудани шахсияти ҷабрдидагон, нисбати Каримов О. чораҳои қонунӣ андешида мешавад”.

Ёдовар мешавем, ки 9-уми августи соли ҷорӣ Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон оид ба содир шудани ҷиноят ариза пешниҳод карда буд. Эътилоф аз пахши навори таҳқиркунандаи видеоие дар шабакаи Facebook  нигаронӣ карда, аз ҷумла изҳор дошта буд:

«Видеонавори номбурда аз ҷониби шахси номаълум, ки иштирокчии ин ҳодиса мебошад, сабт гардидааст. Ин амалҳо эҳтимолан дар шаҳри Душанбе иҷро шудаанд, ки яке аз милисаҳо бо телефон ба ҷои ҳодиса ишора мекунад: “Ай чойхонаи Дилкушо ису тов хўр”.Дар видеонавор ба таври дақиқ мошини хатии «Нива Шевролет», рақами қайди давлатии 7651 В 01 РТ-ро дидан мумкин аст. Капитани милиса ба ноболиғ муроҷиат намуда, аз ў талаб мекунад, ки ҷои ҳодисаро тарк намояд. Дар баробари ин, ў ноболиғро ду маротиба бо дасташ мезанад, маротибаи якум дар қисми сар, маротибаи дуюм бошад, дида намешавад, аммо садояш сабт гардидааст. Ба мулоҳизаи нафари иштирокдошта оид ба он, ки ў ҳуқуқ надорад бо ин ҷавон чунин рафтор кунад, капитани милиса ҷавоб медиҳад, ки “кўдаки роҳгузара се бор илтимос кардам, гуфтам чорумборда мепарронамаш”.

Ин навор рафтори ғайриқонунии корманди милисаро нишон медиҳад, ки дар муносибати бераҳмона, паст задани шаъну шараф нисбати эҳтимол шахси ноболиғ, таҳдиди куштор бо роҳи истифода намудани яроқи оташфишон асос ёфтааст».

– Ба ғайр аз ин, корманди милиса ҳангоми муроҷиат ба шаҳрвандон аз калимаҳои қабеҳ истифода намуда, шаъну шарафи онҳоро паст мезанад, ки ба Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2006, №1 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қўшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» мутобиқат намекунад,- афзуда буд Эътилоф.

Ба иддаои манбаъ, корманди дуюми милиса барои чунин рафтори ҳамкораш ўро ягон сарзаниш намекунад, ки бо ин рафтораш амалҳои аввалиро дастгирӣ менамояд.

Эътилофи макзкур аз Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон хоҳиш карда буд, ки нисбати иттилооти дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» пахшшуда санҷиш гузаронида ва ба амалҳои кормандони милиса баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.