Президенти Қирғизистон ба иллати бемории дил аз сафар ба Ню-Йорк даст кашид

Asia-Plus

Дар роҳ аз Бишкек ба Ню-Йорк рӯзи 19 сентябр вазъи солимии президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев каме бад шуда, дар ин робита сафари ӯ ба ИМА ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи 71-уми Маҷмаъи умумии СММ мавқуф гузошта шуд.

Бино ба иттилои АКИpress, ҳайати Қирғизистон таҳти сарварии Алмазбек Атамбоев баъди нишаст дар фурудгоҳи ба номи Отатурки Туркия ба сафар идома доданӣ буд, вале Атамбоев аз дард дар қафаси синааш шикоят карда, баъди муоина табибон ба ӯ тавсия медиҳанд, ки дар Туркия таҳти назорати духтурон бимонад. Баъдан президенти дастур додааст, ки ҳайати Қирғизистонро дар кори иҷлосияи 71-уми Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии ин кишвар Эрлан Абдилдаев роҳбарӣ кунад.

Роҳбари дастгоҳи президенти Қирғизистон Фарида Ниёзова имрӯз ба АКИpress иттилоъ додааст, ки вазъи солимии Алмазбек Атамбоев қаноатбахш буда, субҳи имрӯз президент тариқи телефон ба ӯ якчанд дастур додааст.

Қобили зикр аст, ки чанд рӯз қабл президенти Қирғизистон ҷашни 60-солагиашро таҷлил намуд. Хабаргузории «24.kg» итилоъ дода буд, ки зиёфати зодрӯзи президент бо ҳузури ҳудуди 200 нафар меҳмонон, ки миёнашон ситораҳои эстрадаи Русия Филипп Киркоров ва гурӯҳи A’Studio, ҳамчунин ҳунармандони маъруфи кишвар Гулҷигит Қалиқов, Гулзат Рисқулова ва дигарон ҳузур доштанд, дар қароргоҳи №1-иҳукумат баргузор шудааст.

Дар ҷашни 60-солагии президенти Қирғизистон ҳамчунин собиқ роҳбари Хадамоти федералии гумруки Русия Андрей Белянинов, афроди сарватманд Мӯсо Бажаев, Алиҷон Иброҳимов ва Александ Машкевич низ меҳмон будаанд.

Қаблан, санаи 16 сентябр Алмазбек Атамбоев дар Бишкек сарони кишварҳои узви ИДМ-ро қабул карда буд. Ба муносибати 60-солагиаш президенти Русия Владимир Путин ба Алмазбек Атамбоев ордени Алесканд Нескийро тақдим кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.