Навраси афғон як миқдор героинро ба Тоҷикистон интиқол доданӣ шуд

— Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар соҳили рӯдхонаи Панҷи деҳаи Барчиди ҷамоати Поршиневи ВМКБ шаҳрванди 16-солаи Афғонистон Элчибек валади Назримамадро ҳангоми убур аз дарё ба воситаи чархи мошин дар соҳили дарё боздошт намуданд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар вақти кофтуков аз борхалтаи селофаниии ӯ ба миқдори 1 килограмму 700 […]

Asia-Plus

— Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар соҳили рӯдхонаи Панҷи деҳаи Барчиди ҷамоати Поршиневи ВМКБ шаҳрванди 16-солаи Афғонистон Элчибек валади Назримамадро ҳангоми убур аз дарё ба воситаи чархи мошин дар соҳили дарё боздошт намуданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар вақти кофтуков аз борхалтаи селофаниии ӯ ба миқдори 1 килограмму 700 грамм маводи нашъаовари сахттаъсири героин пайдо дарёфт шудааст.

Ба гуфтаи Элчибек, вай 16-сола буда, дар деҳаи Саричашмаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон таваллуд ва ба ин кор ӯро як шиносаш бо фиреб ҷалб намуда, ваъда додааст, ки агар борро ба «манзил» расонад, ба ӯ 300 доллар медиҳад.

Сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки қаблан дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, дар дидбонгоҳи сарҳадии «Кокул»и ноҳияи Ҳамадонӣ як қочоқбари афғон кушта шуда, аз ҷойи ҳодиса тақрибан 20 кило маводи мухаддир ва милтиқи шикорӣ бо 16 дона тираш дарёфт шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.