Боздошти фаъолияти ташкилоти «Диалог» дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Фаъолияти ташкилоти илмиву фарҳангии «Диалог» дар Тоҷикистон, ки соли 2007 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ сабтином шудаву роҳбараш шаҳрванди Туркия мебошад, боздошта шуд.

Эмсал Коҷ, роҳбари ташкилоти «Диалог» дар ин робита иттилоъ дод, ки боздошти фаъолияти ташкилот ба мавҷуд набудани воситаҳои молиявӣ марбут буда, онҳо танҳо ба фаъолияти фарҳангиву илмӣ машғуланд ва ба сарпарастон ниёз доранд.

«Мо ягон фаъолияти тиҷоратӣ надорем. Дар робита ба буҳрон сарпарастон дастгирии лоиҳаҳои ташкилотро қатъ карданд», – иброз дошт ӯ ва аз ифшои маълумот дар бораи аз ҷониби кӣ сармоягузорӣ шудани ташкилот хомӯширо афзал донист.

Ба гуфтаи номбурда, ташкилоти «Диалог» «ҳамеша» дар доираи қонунгузорӣ амал мекард ва пурра тоҷикистонӣ маҳсуб ёфта, ҳарчанд онро шаҳрванди Туркия сарварӣ кунад ҳам, ширкат дигар бо Туркия ҳеҷ робитае надорад».

Эмсал Коҷ изҳор дошт, ки соли 1992 ба Тоҷикистон омада, бо зани тоҷик издивоҷ кардааст ва доимо дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. «Ҳадафи аслии ташкилоти мо ҳамеша сулҳу ваҳдат буду боқӣ мемонад», – қайд кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ВАО чандин маротиба зикр карда буданд, ки маркази «Диалог» ба Фатҳуллоҳ Гюлен тааллуқ дорад, ки Туркия ӯро террорист унвон мекунад.

Робитаи худ бо Гюленро роҳбари марказ рад кард. «Маркази мо бо ташкилотҳои Туркия ҳеҷ муносибате надорад ва дар доираи қонунгузории Тоҷикистон амал мекунад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...