Тасдиқи Шартномаи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон

Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Қазоқиситон имрӯз, 21 сентябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумони Қазоқистон тасдиқ шуд. Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Қазоқистон, ин санад 15 сентябри соли гузашта зимни сафари расмии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон ба имзо расида, аввали моҳи декабри соли 2015 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон онро тасдиқ […]

Пайрав Чоршанбиев

Шартнома дар бораи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Қазоқиситон имрӯз, 21 сентябр аз ҷониби палатаи поёнии парлумони Қазоқистон тасдиқ шуд.

Бино ба иттилои васоити ахбори умуми Қазоқистон, ин санад 15 сентябри соли гузашта зимни сафари расмии президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон ба имзо расида, аввали моҳи декабри соли 2015 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон онро тасдиқ намуда буд.

Гуфта мешавад, чунин санад дар бораи шарикии стратегиро Тоҷикистон танҳо бо ду кишвар – Русия (соли 2004 ба имзо расид) ва Чин (соли 2013) ба тасвиб расонидааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, аз лиҳози муомилоти моли хориҷӣ бо Тоҷикистон Қазоқистон пас аз Русия ва Чин мақоми сеюмро ишғол карда, тайи 8 моҳи соли ҷорӣ муомилоти мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон 405 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...