Аз рӯи ҳаҷми интиқоли пул аз Русия Қирғизистон аз Тоҷикистон пеш гузашт

Аз рӯи ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия аз ҷониби шахсони хусусӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Қирғизистон аз Тоҷикистон пеш гузашт. Тӯли чандин солҳо Тоҷикистон пас аз Ӯзбекистон дар ин масъала зинаи дуюмро ишғол мекард. Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, нимсолаи аввали соли ҷорӣ шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон – ҳудуди 598 млн. […]

Пайрав Чоршанбиев

Аз рӯи ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия аз ҷониби шахсони хусусӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ Қирғизистон аз Тоҷикистон пеш гузашт. Тӯли чандин солҳо Тоҷикистон пас аз Ӯзбекистон дар ин масъала зинаи дуюмро ишғол мекард.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, нимсолаи аввали соли ҷорӣ шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон – ҳудуди 598 млн. доллари ИМА ва ба Қирғизистон – 637 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол додаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз Русия ба Ӯзбекистон – 3 млрд. 059 млн. доллари ИМА, ба Тоҷикиситон – 2 млрд. 220 млн. доллари ИМА ва ба Қирғизистон – 1 млрд. 383 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли гузашта Қирғизистон ба сафи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пайваста, чанде аз қоидаву расмиёт барои муҳоҷирони ин кишвар дар Русия сабуктар гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.