Як силсила гуфтушунидҳои С.Аслов дар Ню-Йорк

Дар ҳошияи иҷлоси 71-уми Маҷмаи умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири федеролии Австрия дар умури Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷӣ Себастиан Куртс мулоқот доир намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия мавриди табодули назар қарор гирифтанд. […]

Asia-Plus

Дар ҳошияи иҷлоси 71-уми Маҷмаи умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири федеролии Австрия дар умури Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷӣ Себастиан Куртс мулоқот доир намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия мавриди табодули назар қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот бо Муовини Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои амнияти шаҳрвандӣ, демократия ва ҳуқуқи инсон Сара ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА-ро дар самтҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни вохӯрӣ бо бо Вазири корҳои хориҷии Муғулистон Тсенд Мунх  масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Муғулистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибҳо инчунин вобаста ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созишномаи бисёрҷониба оид ба таъсиси Маркази таҳлилӣ барои кишварҳои маҳсур дар хушкӣ табодули назар намуданд.

Дар мулоқот бо бо Дабири Кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Ламберто Занниер чонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва САҲА дар самтҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.