Боздошти фаъолияти ташкилоти «Диалог» дар Тоҷикистон

Фаъолияти ташкилоти илмиву фарҳангии «Диалог» дар Тоҷикистон, ки соли 2007 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ сабтином шудаву роҳбараш шаҳрванди Туркия мебошад, боздошта шуд. Эмсал Коҷ, роҳбари ташкилоти «Диалог» дар ин робита иттилоъ дод, ки боздошти фаъолияти ташкилот ба мавҷуд набудани воситаҳои молиявӣ марбут буда, онҳо танҳо ба фаъолияти фарҳангиву илмӣ машғуланд ва ба сарпарастон ниёз доранд. […]

Asia-Plus

Фаъолияти ташкилоти илмиву фарҳангии «Диалог» дар Тоҷикистон, ки соли 2007 дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ сабтином шудаву роҳбараш шаҳрванди Туркия мебошад, боздошта шуд.

Эмсал Коҷ, роҳбари ташкилоти «Диалог» дар ин робита иттилоъ дод, ки боздошти фаъолияти ташкилот ба мавҷуд набудани воситаҳои молиявӣ марбут буда, онҳо танҳо ба фаъолияти фарҳангиву илмӣ машғуланд ва ба сарпарастон ниёз доранд.

«Мо ягон фаъолияти тиҷоратӣ надорем. Дар робита ба буҳрон сарпарастон дастгирии лоиҳаҳои ташкилотро қатъ карданд», – иброз дошт ӯ ва аз ифшои маълумот дар бораи аз ҷониби кӣ сармоягузорӣ шудани ташкилот хомӯширо афзал донист.

Ба гуфтаи номбурда, ташкилоти «Диалог» «ҳамеша» дар доираи қонунгузорӣ амал мекард ва пурра тоҷикистонӣ маҳсуб ёфта, ҳарчанд онро шаҳрванди Туркия сарварӣ кунад ҳам, ширкат дигар бо Туркия ҳеҷ робитае надорад».

Эмсал Коҷ изҳор дошт, ки соли 1992 ба Тоҷикистон омада, бо зани тоҷик издивоҷ кардааст ва доимо дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. «Ҳадафи аслии ташкилоти мо ҳамеша сулҳу ваҳдат буду боқӣ мемонад», – қайд кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, ВАО чандин маротиба зикр карда буданд, ки маркази «Диалог» ба Фатҳуллоҳ Гюлен тааллуқ дорад, ки Туркия ӯро террорист унвон мекунад.

Робитаи худ бо Гюленро роҳбари марказ рад кард. «Маркази мо бо ташкилотҳои Туркия ҳеҷ муносибате надорад ва дар доираи қонунгузории Тоҷикистон амал мекунад», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.