Русия баҳри беҳбуди солимии кӯдакони тоҷик 1,43 млн. $ ҷудо мекунад

Мавзуна Абдуллоева

Имрӯз дар Душанбе миёни сафорати Русия ва намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон дар бораи шарикии сесола созишнома ба имзо расид, ки мутобиқи он ҳукумати Русия баҳри беҳбудии солимии кӯдакони тоҷик 1,43 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад.

Дар маросими имзои лоиҳа, ки дар бинои Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон доир гардид, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Саида Умарзода изҳор дошт, ки ин тадбир бахусус ба коҳиши мизони беморӣ ва марги барвақтии кӯдакон мусоидат мекунад.

«Амалисозии лоиҳа ҳамчунин пешниҳоди хизматгузориҳо дар мавриди барвақттар дарёфт ва дахолат кардан ба бемориҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва аз рушд қафомондаро таъмин мекунад», – иброз дошт номбурда.

Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, дар доираи татбиқи лоиҳа ҳудуди 40 ҳазор нафар тифлон, кӯдакони хурдсол, оила ва хонаводаҳои онҳо имкон пайдо мекунанд, ки ҳар соле муддати ин се сол аз хизматгузориҳои беҳтари тиббӣ нисбати солимии модарону кӯдакон ҳам дар муассисаҳои тиббӣ ва ҳам дар шароити нигоҳубини хона истифода кунанд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов қайд кард, ки ҳадафи аслии татбиқи лоиҳа тавсеъаи дастрасии модарони тифлони навзод ва кӯдакони хурдсол ба хизматгузориҳои заминавии тандурустӣ дар 12 ноҳияи ҷумҳурӣ аст.

«Бовар дорам, ки маблағгузорӣ ба лоиҳаи мазкур аз ҷониби Русия саҳми амалӣ дар коҳиши сатҳи маргумири кӯдакон дар Тоҷикистон хоҳад буд», – гуфт сафир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.