БОР ба афзоиши ҳаҷми содироти барқи Тоҷикистон кумак мекунад

Date:

Дар маросими муаррифии Стратегияи шарикии Бонки осиёгии рушд (БОР) бо Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2020, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, намояндаи доимии Бонк дар Тоҷикистон Чанг Чинг Ю изҳор намуд, ки БОР давоми панҷ соли наздик бахши энергетикаи Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, аз ҷумла ба афзоиши ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон кумак мекунад.

Чанг Чинг Ю қайд кард, ки кумаки ояндаи БОР дар афзоиши иқтидори нерӯгоҳҳои барқи обии ҷумҳурӣ ва дастгирии ислоҳоти ШСХК «Барқи тоҷик» ифода хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи ӯ, бонк ният дорад, ки ба Тоҷикистон дар афзоиши ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя дар мавсими тобистон кумак кунад, ки дар ин вақт дар кишвар ҳаҷми зиёдатии он ба мушоҳида мерасад. «Ин самти калидии фаъолияти БОР дар роҳ ба сӯи таъмини гуногунсозии бозорҳо хоҳад буд», – иброз дошт номбурда.

Намояндаи доимии БОР ҳамчунин таъкид дошт, ки дар соли 2020 то ба 3 млрд. кВт/соат расонидани ҳаҷми содироти нерӯи барқ дар назар дошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2015 Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя – 1,4 млрд. кВт/соат ва соли 2013 – ҳамагӣ 900 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот карда буд. Тӯли 8 моҳи соли равон ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ҳудуди 1,1 млрд. кВт/соатро ташкил дод, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 5,5% бештар аст.

Ҷаноби Ю зикр кард, ки шурӯъ аз соли 2013 тариқи хатҳои интиқоли барқ, ки бо дастгирии молиявии БОР насб шуданд, ба интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон имкон фароҳам шуд.

«Аммо ноил гардидан ба дастовардҳо оид ба содироти барқ ба Афғонистону Покистон ба мавҷуд будани сармоягузориҳои доимӣ ба ташаббусҳои гуногуни минтақавӣ дар мавриди фурӯши барқ, аз ҷумла ташаббуси Бонки осиёгии рушд Туркманистон-Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Афғонистон- Покистон вобаста хоҳад буд», – гуфт намояндаи БОР.

Ин ташаббуси Бонки осиёгии рушд дар самти интиқоли нерӯи барқ дар самтҳои Туркманистон-Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Афғонистон- Покистон аз як силсила амалиёти сармоягузорӣ иборат аст, ки ба муттаҳид сохтани низомҳои энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нигаронида шудааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда, ин ниҳоди байнулмилалии молӣ яке аз ташкилотҳои асосии мададрасон ба ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаи ин ниҳод ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ беш аз 1,4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Тибқи тарҳи индикативӣ, ҳаҷми кумаки БОР ба Тоҷикистон дар соли 2016 – 70 млн. ва сармоягузориҳои тарҳрезишуда дар соли 2017 – 85 млн. ва дар соли 2018 – 86 млн. доллари ИМА пешбинӣ шудааст, вале ҳаҷми маблағҳои ниҳоии дастгириву кумак ба дастовардҳо дар ҷумҳурӣ ва мавҷуд будани воситаҳо дар БОР вобаста хоҳанд буд.

Тарҳи индикативии сармоягузории БОР лоиҳаҳо оид ба таъмиру азнавсозии роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа, беҳтар кардани вазъи амнияти ғизойӣ ва дастгирӣ дар самти идоракунии захираҳои обиро дар бар мегирад.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки рӯзи 22 сентябр дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Венкай Жангро ба ҳузур пазируфта буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...