Вазир: Интиқоли пул сарчашмаи асосии рушди иқтисоди Тоҷикистон буд

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода эътироф кард, ки дар баробари сармоягузориҳои асосии давлатӣ, қаблан интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ сарчашмаҳои асосии рушди иқтисод ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ буд. Ӯ қайд кард, ки тайи 20 соли ахир иқтисоди кишвар ба ҳисоби миёна ба андозаи 7% афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ […]

Пайрав Чоршанбиев

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода эътироф кард, ки дар баробари сармоягузориҳои асосии давлатӣ, қаблан интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ сарчашмаҳои асосии рушди иқтисод ва коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ буд.

Ӯ қайд кард, ки тайи 20 соли ахир иқтисоди кишвар ба ҳисоби миёна ба андозаи 7% афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ аз 81%-и соли 1999 то ба 31,5% дар соли 2015 поин рафт.

«Аммо сарчашмаҳои асосии рушд сармоягузориҳои асосии давлатӣ ва маблағҳои пулии интиқолдодаи муҳоҷирон буданд. Чунин хусусияти рушди иқтисодӣ ба осебпазирии иқтисод ба омилҳои беруна боис гардид», – изҳор дошт вазир имрӯз, 23 сентябр зимни маросими муаррифии Стратегияи шарикии Тоҷикистону Бонки осиёгии рушд дар Душанбе.

Неъматулло Ҳикматуллозода таъкид дошт, ки дар натиҷаи осебпазир будан ба омилҳои беруна, тӯли 2 соли ахир суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон ба андозае суст шуд. «Соли 2015 рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) то 6% кам шуд, вале ба ҳар ҳол, дар партави беш аз 30% камшавии ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ, болоравии рушд таъмин карда шуд», – иброз дошт ӯ.

Вазир хотиррасон намуд, ки соли 2009 низ бар асари буҳрони сартосарии моливу иқтисодӣ, ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ тақрибан 30% коҳиш ёфта, вале суръати рушди ММД то 3,9% поин рафта буд. «Соли равон ҳам коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба ҷумҳурӣ идома дорад, вале дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омор, тӯли 8 моҳи соли ҷорӣ рушди иқтисод дар Тоҷикистон 6,7%-ро ташкил дод», – таъкид дошт номбурда.

Ба гуфтаи ӯ, сарчашмаҳои асосии таъмини ин болоравии иқтисод рушди босуръати саноат ва фаъолияти сармоягузорӣ мебошад. «Омили мазкур аз камшавии таъсири интиқоли маблағҳои пулӣ ба суръати рушди иқтисод ва тадриҷан гузариш ба сарчашмаҳои нави таъмини рушди иқтисод гувоҳӣ медиҳад», – илова кард вазир.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2015 тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба ҷумҳурӣ 22,1% кам шудааст.

Бо истинод ба махфӣ будани маълумот, дар Бонки миллӣ рақами мушаххаси ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ бо доллари ИМА-ро номбар накарданд, вале иттилоъ доданд, ки интиқоли маблағҳои пулӣ бо рубли русӣ дар ин давра 67 млрд.-ро ташкил додааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, нимсолаи аввали соли ҷорӣ шахсони воқеъӣ аз Русия ба Тоҷикистон – ҳудуди 598 млн. доллари ИМА маблағи пулӣ интиқол додаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.