Дар Душанбе беш аз 300 кило маводи мухаддир сӯзонида шуд

Имрӯз дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон 303 кило маводи мухаддир сӯзонида шуд. Дар ҳузури комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони мақомоти суду прокуратура ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ 303 килову 40 грамм маводи нашъаовар ба коми оташ рафт. Аз ҷумла, 40 килову 408 грамм маводи […]

Аваз Юлдошев

Имрӯз дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон 303 кило маводи мухаддир сӯзонида шуд.

Дар ҳузури комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони мақомоти суду прокуратура ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ 303 килову 40 грамм маводи нашъаовар ба коми оташ рафт.

Аз ҷумла, 40 килову 408 грамм маводи нашъаовари сахттаъсири героин, 20 килову 252 грамм афюн, 179 килову 088 грам ҳашиш, 63 килову 072 грамм бангдона ва 217 грамм ҳабҳои МДМА нобуд карда шуд, ки дар 23 парвандаи ҷиноӣ ва 52 парвандаи маъмурӣ ба сифати далели шайъӣ истифода шуда, нисбати ин парвандаҳо ҳукми суд мавриди амал қарор гирифтааст.

Дар маросими нобудсозии маводи мухаддир ҳамчунин иштирокчиёни конфронси сатҳи баланд оид ба маводи нашъаовар, ки дар Тоҷикистон ҷараён дорад, кормандони намояндагиҳои дипломатии мукими ҷумҳурӣ, ҳайати Афғонистон таҳти сарварии Саломат Азимӣ, вазири мубориза бо маводи нашъаовари ин кишвар, Ашита Миттал, роҳбари Раёсати минтакавии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ҳузур доштанд.

Ҳамаи маводи мухаддири сӯзонидашуда аз ҷониби кормандони Агентии маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҷараёни баргузории амалиёту чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи мусодира шудааст.

Қобили зикр аст, ки давоми 17 соли фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ дар оташдонҳои он беш аз 17 тонна маводи мухаддири навъҳои гуногун нобуд карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.