Сокини Истаравшан аз хашм ҳамсарашро ба қатл расонид

Сокини шаҳри Истаравшан, марди 47-сола ҳангоми дар меҳмонӣ будан ба ҳамсари худ бо корд 17 зарба задааст. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса маълумот медиҳад, ки ин марди ба гумони даст доштан дар куштори бераҳмона боздоштшуда бо ҳамсари 26-солаи худ рӯзи 22 сентябр ба хонаи хешовандашон ба меҳмонӣ меоянд. «Сипас аз сабаби  хусумати  […]

Asia-Plus

Сокини шаҳри Истаравшан, марди 47-сола ҳангоми дар меҳмонӣ будан ба ҳамсари худ бо корд 17 зарба задааст.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса маълумот медиҳад, ки ин марди ба гумони даст доштан дар куштори бераҳмона боздоштшуда бо ҳамсари 26-солаи худ рӯзи 22 сентябр ба хонаи хешовандашон ба меҳмонӣ меоянд.

«Сипас аз сабаби  хусумати  оилавӣ миёни онҳо ҷангу ҷанҷол ба вуқӯъ пайваста, ӯ бо корд 17 маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш зарба задааст, ки дар натиҷа зани ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.