Эътирозҳои оммавии донишҷӯёни тоҷик идома доранд

Аксияҳои эътирози донишҷӯёни тоҷик алайҳи ҳузури мухолифини тоҷик дар ҷаласаи САҲА оид ба ченаки инсонӣ дар Варшава идома доранд. Ҷавонони тоҷик муддати се рӯз аст, ки пайдарпай даст ба аксияҳои эътирозӣ мезананд. Онҳо аз иҷозаи вуруди ҷонибдорони Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24» ба толори ҷаласаи САҲА норозигӣ изҳор мекунанд. 21 сентябр наздики […]

Asia-Plus

Аксияҳои эътирози донишҷӯёни тоҷик алайҳи ҳузури мухолифини тоҷик дар ҷаласаи САҲА оид ба ченаки инсонӣ дар Варшава идома доранд.

Ҷавонони тоҷик муддати се рӯз аст, ки пайдарпай даст ба аксияҳои эътирозӣ мезананд. Онҳо аз иҷозаи вуруди ҷонибдорони Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24» ба толори ҷаласаи САҲА норозигӣ изҳор мекунанд.

21 сентябр наздики 50 нафар намояндагони созмони ҷавонони «Пешоҳанг»-и Тоҷикистон назди бинои Дафтари САҲА дар Душанбе ҷамъ омада, аз ин ниҳод посух ба муроҷиаташонро дархост намуда буданд. Дар муроҷиатномаи онҳо аз он изҳори тааҷҷуб шуда буд, ки чӣ гуна рӯзи 19 сентябр ҷонибдорони Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24», ки Суди олии Тоҷикистон онҳро террористиву ифротгаро эълон кардааст, бидуни монеъа ба толори ҷаласаи САҲА дар Варшава ворид шудаанд.

22 сентябр намояндагони созмони ҷавонони «Пешоҳанг» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар Душанбе як аксия доир намуданд. «ҲНИТ мехоҳад боз дар Тоҷикистон ҷангро сар кунад», – изҳор дошт ба донишҷӯён Сайдулло Қувватов, яке аз пешвоёни «Пешоҳанг», ки худ низ толибилми ин донишгоҳ аст.

Ба ин саф ҳамчунин як гурӯҳи донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт низ пайваста, аз САҲА интиқод карданд, ки гуруҳҳои зиддиҳукуматии Тоҷикистонро ба толори баргузории ҷаласа роҳ додааст.

23 сентябр ба аксия донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон низ ҳамроҳ шуданд. Субҳ наздики 400 нафар донишҷӯён-табибони оянда дар толори конфронси донишгоҳ ҷамъ омада, алайҳи ҳузури мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи САҲА дар Варшава эътироз намуданд.

Ғайр аз ин, чунин чорабинӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ низ созмон дода шудааст.

Хабаргузории «Азия-Плюс» ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, аз онҳо бипурсид, ки «оё чунин аксияҳо ба ҷараёни таҳсил халал намерасонанд?». Посух доданд, ки «аз ин чорабиниҳои дар вақти хониш доирмегардида огаҳӣ надоранд».

Сухангӯи Вазорат Эҳсон Хушвахтов изҳор кард, ки Вазорати маориф ба мактабҳои олӣ доир ба баргузории аксияҳо ҳеҷ гуна дастуре надодааст.

Қобили зикр аст, ки қаблан намояндаи Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳомиёни ҳуқуқ ва намояндагони мухолифон посух гуфта, онҳоро шарикони созмони террористии Давлати исломӣ номид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.