Тоҷикистону БОР стратегияи нави шарикиро мувофиқа карданд

Бонки осиёгии рушд (БОР) ва Тоҷикистон стратегияи нави панҷсолаи шарикиро мувофиқа карданд, ки дар ин санад рушди бештари устувор ва фарогир пешбинӣ мешавад. Намояндагони БОР имрӯз зимни муаррифии стратегия изҳор намуданд, ки ҷараёни рушди тибқи ин стратегия пешбинишуда камтар ба таъсирҳои беруна осебпазир буда, ҷойҳои нави корӣ бо дастмузди хубро фароҳам меоварад. «Аз соли 1998 […]

Пайрав Чоршанбиев

Бонки осиёгии рушд (БОР) ва Тоҷикистон стратегияи нави панҷсолаи шарикиро мувофиқа карданд, ки дар ин санад рушди бештари устувор ва фарогир пешбинӣ мешавад.

Намояндагони БОР имрӯз зимни муаррифии стратегия изҳор намуданд, ки ҷараёни рушди тибқи ин стратегия пешбинишуда камтар ба таъсирҳои беруна осебпазир буда, ҷойҳои нави корӣ бо дастмузди хубро фароҳам меоварад.

«Аз соли 1998 БОР бо маблағгузорӣ дар ҳаҷми умумии беш аз 1 млрд. доллари ИМА ҷараёни коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад. Дар ин самт кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, вале хатарҳо то ҳол боқӣ мондаанд», – қайд кард ноиби президенти БОР Венкай Жанг.

Ӯ зикр кард, ки стратегия ба беҳбуди муҳити сармоягузорӣ барои ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин беҳтар кардани зербино барои аҳолӣ нигаронида шудааст.

Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Чанг Чинг Ю қайд кард, ки баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегия ва пешбурди шуғли маҳсулнок, БОР ислоҳот дар бахши муҳити сармоягузорӣ, ҳамчунин бо кумаки техникӣ ва табодули дониш рушди таҳсилоти касбӣ-техникиро дастгирӣ хоҳад кард.

Қаблан намояндаи доимии изҳор намуда буд, ки БОР давоми панҷ соли наздик бахши энергетикаи Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, аз ҷумла ба афзоиши ҳаҷми содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон кумак мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.