Гунаҳкории ширкати Ҳиндустон ба фурӯши доруҳои пастсифат

Asia-Plus

Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз воридоти ғайриқонунӣ ва фурӯши маводҳои доруворию молҳои тиббии бесифат дар пойтахти ҷумҳурӣ пешгирӣ карданд.

Тибқи маълумоти дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, зимни санҷиш ошкор шудааст, ки дар паҳнкунивии ин мавод намояндагони ширкатҳои «Курамакс ЛТД»-и Ҳиндустон дар ҶТ ва ҶДММ «Файзалӣ С» даст доранд.

Муомилот бо мақсади фурӯши маводҳои доруворию молҳои тиббии бесифат, ки ба меъёрҳои тасдиқшуда ҷавобгӯ нестанд, тариқи додугирифт (бартер), яъне маводи доруворӣ ба ивази қарз сурат мегирифтааст.

Маводҳои доруворию молҳои тиббӣ дар таваққуфгоҳи воситаи нақлиёт (гараж), ки дар он системаи ҳавотозакунӣ, рафҳои нигаҳдории қабатӣ, дастгоҳи шамолдиҳанда (кондитсионер) ва яхдонҳо тамоман мавҷуд набудаанд, нигҳдорӣ шуда, қисмате аз онҳо дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон фурӯхта шудааст.

Тибқи хулосаи ашхиси Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии ҶТ, маводҳои доруворию молҳои тиббии мусодирашуда – аз қабили ҳабҳо ( таблетка)-и тамғаи «Мефипристон-25 мг», «Мизопростол», «Спазмалгон», хокаҳои (порошок)-и тамғаи «Фарамакс», капсулаҳои тамғаи «Тангкат Али Платинум», «Сила Императора», «Эссенциале форте Н», сӯзандору (шпритс)-и 1 гр., система барои гузаронидани маҳлулҳои инфизионӣ ва ғайра дар ҳаҷмҳои гуногун барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон зарар дошта, барои истифодабарии онҳо иҷозат нест.

Гуфта мешавад, арзиши умумии маводҳои доруворию молҳои тиббии мусодирашуда беш аз 25,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, он ҷиҳати баррасӣ ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...