Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи конфронси байнулмилалии «Расонаҳо (медиа) дар муҳити рақамӣ: чолиш ва имконот», ки дар Душанбе ҷараён дорад, омӯзгори факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскав, коршиноси рус дар бахши расонаҳои хабарӣ Александ Амзин изҳор намуд, ки смартфонҳо ба фазои шахсии корбарон табдил ёфта, компютерҳои рӯимизӣ танҳо воситаи асосӣ барои кор боқӣ мемонанд ва дар шароити ҳозира ВАО ҷиҳати вуруд ба фазои шахсии корбарони худ талош меварзанд.
«Шаш сол қабл телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ)-ро ҳар як чорум сокини Тоҷикистон бо худ дошт, имрӯз бошад, танҳо ҳар як тоҷикистонии 20-ум смартфон надорад», – таъкид дошт Амзин.
Дар чунин шароит, ба андешаи коршинос, ВАО-ро лозим аст, ки ба пешниҳоди маълумот тавассути воситаҳои мобилӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва компютерҳои рӯимизиро ҳамчун ҳадя бипазиранд.
Коршиноси рус маълумоти таҳқиқоти Source Global Digital Future in Focus барои соли 2015-ро мисол овард, ки дар он ба корбарон чунин савол пешниҳод шудааст: «Шумо чиро афзалтар медонанд – смартфон ё компютер?». Тибқи натиҷаҳои атҳқиқот маълум шудааст, ки аксари корбарони кишварҳои рушдёфта (ИМА, Британияи Кабир) барои дастрасӣ ба маълумот ҳам аз компютер ва ҳам аз смартфон истифода бурда, дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта то ҳол ба компютерҳои рӯимизӣ афзалият медиҳанд.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ояндаи наздик Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар кишварҳои минтақа метавонанд як гурӯҳи алоҳидаеро ташкил созанд, ки дар он аксари корбарони шабака зимни қабули маълумот ба телефонҳои мобилӣ бартарӣ диҳанд ва барои гузаштан ба ин навъи пешниҳоди маълумот, ВАО ҳоло 5 соли дигар фурсат доранд.


