Ҳаракати нақлиёт дар чорроҳаи маҳаллаи 82-юм 2 сол қатъ мешавад

Аваз Юлдошев

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба оғози корҳои сохтмон дар чорсӯи сеқабата дар буриши роҳҳо дар маҳаллаи 82-уми шаҳри Душанбе, ҳаракати нақлиёт тариқи ин чорраҳа ба муддати 2 сол қатъ мешавад. Ҳаракати нақлиёт тавассути ин чорроҳа 30 июли соли 2018 дубора барқарор мегардад.

Ёдрас мекунем, ки санаи 22 июли соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни оғози сохтмони эстакада шинос шуд. Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд мегардад.

Чорсӯи нави сохташаванда аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа, роҳи давродаврие бунёд мегардад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб купрук, ки дарозиаш 125 метрро ташкил медиҳад, мегузарад. Дар лоиҳаи мазкур сохтмони 4 роҳи зеризаминӣ барои роҳгузарон низ пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки барои амалисозии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон, қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” Бонки аврупоии таҷдиду рушд дар ҳаҷми 35 млн. доллари ИМА қарз ва ҳамчунин ба маблағи 3 млн. доллари ИМА кумаки техникӣ пешниҳод мекунад. Тобистони соли гузашта дар ин хусус созишномаи дахлдор ба имзо расида буд.

Марҳилаи аввали таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – марзи Ӯзбекистон (аз дарвозаҳои ғарбии пойтахт то гузаргоҳи марзии «Дӯстӣ» дар марз бо Ӯзбекистон) аввали соли гузашта ба итмом расида, аз ҳисоби восиатҳои грантии Бонки осиёгии рушд дар ҳаҷми 120 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ шуд.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки нимаи моҳи августи соли равон ширкати «Гурӯҳи сохтмони роҳу пулҳои Синтзян-Бейсин» (Xinjiang Beixin Road & Bridge Group Co, Ltd) -и Чин пешниҳод намуд, ки сохтмони эстакада дар маҳаллаи 82-уми пойтахтро бо харҷи қариб 25,5 млн. доллари ИМА месозад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...