Аз рӯи шумори корбарони инфиродии интернет Тоҷикистон дар зинаи 149-ум

Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид гузориш дар бораи вазъи алоқаи интернет дар соли 2016-ро интишор намуд. Дар рейтинг аз рӯи шумори корбарони инфиродии шабакаи интернет дар соли 2015 (аз рӯи фоиз нисбати тамоми аҳолии кишвар) миёни кишварҳои пасошӯравӣ Озарбойҷон пешсаф аст, ки зинаи 36-умро ишғол кардааст. Дар ҷойҳои баъдӣ Русия (43-юм), Қазоқистон (45), Беларус (48), Арманистон […]

Пайрав Чоршанбиев

Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид гузориш дар бораи вазъи алоқаи интернет дар соли 2016-ро интишор намуд.

Дар рейтинг аз рӯи шумори корбарони инфиродии шабакаи интернет дар соли 2015 (аз рӯи фоиз нисбати тамоми аҳолии кишвар) миёни кишварҳои пасошӯравӣ Озарбойҷон пешсаф аст, ки зинаи 36-умро ишғол кардааст. Дар ҷойҳои баъдӣ Русия (43-юм), Қазоқистон (45), Беларус (48), Арманистон (72), Молдова (92), Украина (93), Гурҷистон (99), Ӯзбекистон (106), Қирғизистон (120) ва Туркманистон (мақоми 160-ум) ҷойгир шудаанд.

Кишвари пешсафи рейтинг Исландия мебошад, ки 98%-и сокинони ин кишвар ба шабакаи интернет дастрасӣ доранд. Зинаи охири рейтингро Эритрея касб кардааст.

Тоҷикистон бо 18,98%-и дастрасии инфиродӣ ба интернет дар зинаи 149-уми рейтинг ҷойгир шуда, миёни Покистон ва Эфиопия қарор дорад. Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо мақоми Туркманистон аз Тоҷикистон поинтар аст, ки дар он ҳамагӣ 15%-и аҳолӣ ба таври инифродӣ ба интернет дастрасӣ доштаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, қариб ҳар як сеюм тоҷикистонӣ истифодабарандаи интернет мебошад ва дар оғози нимсолаи дуюми соли ҷорӣ шумори корбарони интернет бо шумули алоқаи мобилӣ 2,8 млн. нафарро ташкил медиҳад, яъне ба ҳар як 100 нафар аҳолӣ 34 корбари шабакаи умумиҷаҳонӣ рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.