Абдилдаев: сохтмони нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон ниёзҳои энергетикии минтақаро таъмин мекунад

Иҷрои тарҳҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон метавонад ниёзҳои энергетикии Осиёи Марказиро (ОМ) таъмин ва барои рушди устувори минтақа шароити мусоид фароҳам кунанд. Бино ба маълумоти Хадамоти иттилооти Осиёи Марказӣ, ин нуктаро Эрлан Абдилдаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон зимни суханрониаш дар ҷаласаи Маҷмааи умумии СММ баён доштааст. "Имрӯз Осиёи Марказӣ барои гузариш […]

Хадамоти иттилооти Осиёи Марказӣ

Иҷрои тарҳҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон метавонад ниёзҳои энергетикии Осиёи Марказиро (ОМ) таъмин ва барои рушди устувори минтақа шароити мусоид фароҳам кунанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти иттилооти Осиёи Марказӣ, ин нуктаро Эрлан Абдилдаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон зимни суханрониаш дар ҷаласаи Маҷмааи умумии СММ баён доштааст.

"Имрӯз Осиёи Марказӣ барои гузариш ба нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза имкониятҳои фаровон дорад", – афзудааст ӯ. Ба гуфтаи Абдилдаев, кишварҳои ОМ бояд ба фаҳмиши умумии моҳияти истифодаи маҷмуи захираҳои обию энергетикии минтақа бирасанд.

Абдилдаев дар робита ба экология изҳор доштааст, ки болоравии ҳарорати ҷаҳон ба ҳолатҳои фавқулода, ларзиши дарёҳои пуроби куҳӣ, обшавии пиряхҳо ва заволи экосистеми нодири куҳӣ сабаб шуда, оқибатҳои манфии иҷтимоиро дар пай хоҳад дошт.

"Бар пояи арзёбиҳо, то соли 2025 маҷмуи масоҳати пиряхҳо дар Қирғизистон то 30-40% коҳиш хоҳад ёфт", – қайд кардааст вай. Аз ин рӯ, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон даъват кардааст, ки дар кишварҳои болооб лоиҳаҳои муштарак иҷро карда шаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.