Медали биринҷии варзишгари тоҷик дар Бозиҳои соҳилии Осиё

Дар Бозиҳои соҳилии Осиё, ки санаи 22 сентябр дар Дананг (Ветнам) оғоз гардид, варзишгари тоҷик Саймуҳаммад Шарипов (вазни то 75 кило) дар риштаи муайтай (муштзании таиландӣ) ба дарёфти медали бириниҷии мусобиқа мушарраф шуд. Бозиҳои V соҳилии Осиё аз 20 сентябр то 3 октябр аз рӯи 14 навъи варзиш бо иштироки 5 ҳазор нафар намояндагони 45 […]

Сайфиддин Қараев

Дар Бозиҳои соҳилии Осиё, ки санаи 22 сентябр дар Дананг (Ветнам) оғоз гардид, варзишгари тоҷик Саймуҳаммад Шарипов (вазни то 75 кило) дар риштаи муайтай (муштзании таиландӣ) ба дарёфти медали бириниҷии мусобиқа мушарраф шуд.

Бозиҳои V соҳилии Осиё аз 20 сентябр то 3 октябр аз рӯи 14 навъи варзиш бо иштироки 5 ҳазор нафар намояндагони 45 кишварҳои қораи Осиё баргузор мешаванд. Маросими пӯшидашавии Бозиҳо санаи 3 октябр доир мегардад.

Дар Бозиҳои пешини соҳилии Осиё, ки дар Тайиланд баргузор шуданд, Тоҷикистон 3 медал ба даст оварда буд.

Дар Бозиҳои ҳозира то имрӯз дастаи Ветнам бо 24 медал (4 медали тилло, 5 нуқра ва 15 биринҷӣ) пешсаф аст. Намояндагони Қазоқистон ба гирифтани 5 медал (2 тилло ва 3 биринҷӣ), Туркманистон 4 медал (ҳамааш биринҷӣ) ва Қирғизистон 1 медал (биринҷӣ) ноил гардидаанд. Ӯзбекистон алҳол медал ба даст наовардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.