Пан Ги Мун: бештари раҳбарони кишварҳо манофеи шаҳрвандонро пушти пой кардаанд

Пан Ги Мун, дабири кулли СММ зимни суханрониаш дар Маҷмааи умумии ин созмон гуфтааст, ки бештари раҳбарони сиёсии кишварҳои ҷаҳон манофеи шаҳрвандони худро пушти пой кардаанд. Бино ба маълумоти Хадамоти иттилооти Осиёи Марказӣ, вай изҳор доштааст, ки раҳбарони бештари кишварҳо барои сари қудрат мондан ба тағйири Қонуни асосӣ, сохтакорӣ дар раванди интихобот ва чораҳои дигари […]

Хадамоти иттилооти Осиёи Марказӣ

Пан Ги Мун, дабири кулли СММ зимни суханрониаш дар Маҷмааи умумии ин созмон гуфтааст, ки бештари раҳбарони сиёсии кишварҳои ҷаҳон манофеи шаҳрвандони худро пушти пой кардаанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти иттилооти Осиёи Марказӣ, вай изҳор доштааст, ки раҳбарони бештари кишварҳо барои сари қудрат мондан ба тағйири Қонуни асосӣ, сохтакорӣ дар раванди интихобот ва чораҳои дигари ноумедкунанда даст мезананд, вале бояд бидонанд, ки ин мансаби онҳо моликияти шахсиашон нест.

"Он изҳори боварӣ аз ҷониби шаҳрвандон аст. Ошкоро мегӯям, ки шумо бояд ба мардуматон хизмат кунед ва аз коҳиши демократияву дуздии захираҳои табии кишвари худ ва паси панҷара кардани мухолифонатон даст бардоред", – афзудааст дабири кулли СММ.

Ба навиштаи сомонаи СММ, Пан Ги Мун ахлоқи дипломатиро канор гузошта, кишварҳоеро, ки наметавонанд мушкили вазнини худро имрӯз ҳал кунанд, ба шиддат интиқод кардааст. Вай ёдовар шудааст, ки раҳбарони ҷаҳон дар назди шаҳрвандони худ ҷавобгаранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда комилан қодир аст.

Дабири кулли СММ гуфтааст, ки бо дили нохоҳам аз мансабаш канор хоҳад рафт. "Тундравон мардумро маҷбур мекунанд, ки ҳамаро ба худию бегона ҷудо кунанд ва замин ба ҳаракатҳои мо бо баланд кардани сатҳи обҳои баҳру гармиҳои набуда ва шамолҳои сахт посух мегӯяд", – илова кардааст Пан Ги Мун.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.