Амали террористии тоҷики маргталаб дар Тикрити Ироқ

Asia-Plus

Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияти амали террористӣ дар шаҳри Тикрити Ироқро, ки  рӯзи 24 сентябр содир шуда, бар асари он 12 нафар ҳалок ва 23 нафар ҷароҳат бардоштанд, ба дӯш гирифт. Бино ба маълумоти ин гурӯҳ, яке аз террористони маргталаб тоҷик будааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар изҳороти дар интернет интишоршудаи Давлати исломӣ қайд мешавад, ки 4 нафар ҷангиён – се ироқӣ ва як тоҷик бо номи Абӯмуҳаммад Тоҷикӣ рӯзи шанбе дар даромадгоҳи асосӣ ба шаҳри Тикрит дар шимоли Ироқ ин амалро содир кардаанд, ки дар натиҷа якчанд кормнадони пулис ҳалок шудаанд.

Гуфта мешавад, Абӯмуҳаммад Тоҷикӣ таҷҳизоти таркандаро ба кор оварда, сипас яке аз ҷангиён автомашинаи дорои маводи таркандаро ба посгоҳ равона мекунад ва ду нафари дигари маргталабон назди издиҳоми кормандони пулис, каме дуртар аз пойгоҳи низомӣ дар Тикрит худро тарконидаанд.

Мақомоти пулиси шаҳри Тикрит ҳамлаи ҷангиён ба посгоҳ ва марги кормандони худро тасдиқ намуда, вале дар бораи шахсияти ҷангиён ягон маълумоте надодааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.