Адвокати тоҷик: маҳбусони ӯзбекро дар ватанашон боз як муҳлати ҷазо интизор аст

Asia-Plus

Адвокати тоҷик Файзинисо Воҳидова чунин мешуморад, ки бо назардошти вазъи кунунӣ дар кишвари ҳамсоя, маҳбусони дар Тоҷикистон озодшударо, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд, дар ватанашон боз як муҳлати ҷазо интизор аст.

«Ман бар ин назарам, ки ҳокимияти имрӯза дар кишвари ҳамсоя ба ҳама чиз қодир аст. Боз гап сари он аст, ки чун маҳбусон дар Тоҷикистон адои ҷазо кардаанд, ба онҳо аз ҷониби хадамоти амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд ва аз эҳтимол дур нест, ки онҳоро ба додани ягон маълумот ба ҳукумати Тоҷикистон муттаҳам созанд», – изҳор дошт адвокат ба «Азия-Плюс».

Радиои Озодӣ дар ин робита иттилоъ дода буд, ки ду зиндонии ӯзбек, ки муҳлати адои ҷазояшон дар Тоҷикистон ба поён расидааст, аз мақомоти кишвар хостаанд, онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ ба ватанашон нафиристанд. Ин ду шаҳрванди Ӯзбекистон иддао кардаанд, ки мақомоти тоҷик ҳашт сол қабл онҳоро ба ҷурми убури ғайриқонунии марз зиндонӣ карда буданд ва дар сурати фиристода шудан ба Узбакистон шиканҷа ва ҷазои дубора интизор аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...