Адвокати тоҷик: маҳбусони ӯзбекро дар ватанашон боз як муҳлати ҷазо интизор аст

Адвокати тоҷик Файзинисо Воҳидова чунин мешуморад, ки бо назардошти вазъи кунунӣ дар кишвари ҳамсоя, маҳбусони дар Тоҷикистон озодшударо, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд, дар ватанашон боз як муҳлати ҷазо интизор аст. «Ман бар ин назарам, ки ҳокимияти имрӯза дар кишвари ҳамсоя ба ҳама чиз қодир аст. Боз гап сари он аст, ки чун маҳбусон дар Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Адвокати тоҷик Файзинисо Воҳидова чунин мешуморад, ки бо назардошти вазъи кунунӣ дар кишвари ҳамсоя, маҳбусони дар Тоҷикистон озодшударо, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд, дар ватанашон боз як муҳлати ҷазо интизор аст.

«Ман бар ин назарам, ки ҳокимияти имрӯза дар кишвари ҳамсоя ба ҳама чиз қодир аст. Боз гап сари он аст, ки чун маҳбусон дар Тоҷикистон адои ҷазо кардаанд, ба онҳо аз ҷониби хадамоти амният таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд ва аз эҳтимол дур нест, ки онҳоро ба додани ягон маълумот ба ҳукумати Тоҷикистон муттаҳам созанд», – изҳор дошт адвокат ба «Азия-Плюс».

Радиои Озодӣ дар ин робита иттилоъ дода буд, ки ду зиндонии ӯзбек, ки муҳлати адои ҷазояшон дар Тоҷикистон ба поён расидааст, аз мақомоти кишвар хостаанд, онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ ба ватанашон нафиристанд. Ин ду шаҳрванди Ӯзбекистон иддао кардаанд, ки мақомоти тоҷик ҳашт сол қабл онҳоро ба ҷурми убури ғайриқонунии марз зиндонӣ карда буданд ва дар сурати фиристода шудан ба Узбакистон шиканҷа ва ҷазои дубора интизор аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.