Адвокат Ёров: замоне бо ҳамин гуна айбҳои сохта Ш.Шотемур ва Н.Махсумро кушта буданд

Зимни суханронии ниҳоии худ дар мурофиаи судӣ адвокат Бзургмеҳр Ёров изҳор кард, ки «ӯ на ифротгаро, балки адвокат буда, ба ҳимояи аъзои ҲНИТ на аз рӯи муҳаббату самимият ба онҳо, балки аз рӯи тақозои касб пардохтааст. Бо муроҷиат ба прокурор адвокат ӯро ба дохили «панҷара»-и худ хонда, ба рақобати як ба як даъват кардааст. Бузургмеҳр […]

Asia-Plus

Зимни суханронии ниҳоии худ дар мурофиаи судӣ адвокат Бзургмеҳр Ёров изҳор кард, ки «ӯ на ифротгаро, балки адвокат буда, ба ҳимояи аъзои ҲНИТ на аз рӯи муҳаббату самимият ба онҳо, балки аз рӯи тақозои касб пардохтааст. Бо муроҷиат ба прокурор адвокат ӯро ба дохили «панҷара»-и худ хонда, ба рақобати як ба як даъват кардааст.

Бузургмеҳр Ёров тамоми иттиҳомоти нисбати ӯ пешниҳодшударо рад карда, хотиррасон намудааст, ки замоне бо чунин айбномаҳои сохта шахсиятҳои шинохта дар ҷумҳурӣ Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсумро низ ба қатл маҳкум карда буданд.

«Замоне прокурори ба айбдоркунандаи ҳозира монанд бо номи Саҳл низ ба ҷазои қатл нисбати онҳо исрор варзида буд ва аз ин рӯ, мо Самарқанду Бухороро аз даст дода будем», – иброз дошт Ёров.

Ин дафъа низ мурофиаи судӣ пушти дарҳои пӯшида сурат гирифта, ба он танҳо хешовандону пайвандони адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов роҳ дода шуданд.

Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, «Бузургмеҳр гуфт, ки вақте наздикони боздоштшудаҳои ҲНИТ омаданд ва аз ӯ ҳамчун вакили дифоъ ёрӣ хостанд, ба онҳо кумак кард. Ин корро аз рӯи виҷдони адвокатӣ кардам гуфт. Баъд таъкид кард, ки ман экстремист нестам, вакили дифоъ ҳастам, вале агар онҳо гунаҳкор буданд, додгоҳ ҳукм мебаровард ва тамоми кор дар дасташ буд. Чаро аз адвокатии мо хавф доштанд?».

Бузургмеҳр Ёров, инчунин, ҳангоми баёни сухани охиринаш дар додгоҳ гуфтааст, барои мунсифона ва, ҳамин тавр, ба гуфтаи ӯ боадолатона содир шудани ҳукм бовар надорад. Дар ҳоле ки ба қавли Хосият Ёрова, "ӯ гуфт, чӣ гуна мешавад ба адолат бовар кард, вақте хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ натавонистанд ба мурофиаи охирин роҳ ёбанд?"

Дар мурофиаи судӣ ҳамчунин адвокат Нуриддин Маҳкамов низ сухани ниҳоии худро иброз дошт.

Ёдрас мекунем, ки қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз суд дархост намуда буд, ки Бузургмеҳр Ёров, адвокати фаъолони ҳабсшудаи Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.