АНОНС
– Дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Кумитаи роҳбарони воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои узви ИДМ доир мегардад;
– Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров зимни сафари расмӣ ба Озарбойҷон дар шаҳри Боку бо раҳбарияти ин кишвар, аз ҷумла раиси Миллӣ Маҷлис (парлумон)-и Озарбойҷон Огтай Асадов ва нахуствазири ин кишвар Артур Расизода дидору гуфтушунид мекунад;
– Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ спектакл барои кӯдакон “Сенсация в лесу” (Ҳангома дар ҷангал) намоиш дода мешавад. Оғози намоиш соатҳои 10:00 ва 11:00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 7.8722 сомонӣ;
1 евро – 8.8169 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1208 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
2002 – Дар Душанбе комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба аломатгузорӣ дар марз ба кор шурӯъ кард.
2011 — Дар Варшава Тоҷикистон оид ба вазъи озодии баён ва риояи ҳуқуқҳои динӣ дар ҷумҳурӣ ҳисобот дод.
1898-1940 – Зодрӯзи Арбоби давлатӣ Сурен Шадунс.
1948 – Мавлуди доктори илми геология Мададбек Тоҷикбеков.
1953 – Зодрӯзи олимаи соҳаи тиб Дилбар Абдиева.
1951 – Мавлуди математик Сайфулло Бобоев.
1954 – Зодрӯзи доктори улуми таърих, профессор Музаффар Олимов.
1957 – Мавлуди Арбоби шоистаи Тоҷикистон Муҳаммад Шарифов.
1958 – Зодрӯзи мудири шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Саидалӣ Сиддиқов.
1971 – Мавлуди рӯзноманигор Валиҷон Баёнӣ.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +21+26.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +10+15.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +26+31.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +26+28.


