ВКД аз ҳодисаи назди манзили узви маҳкумшудаи ҲНИТ огаҳӣ надорад

Хабаргузории «Озодагон»

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳодисае, ки дирӯз назди манзили узви маҳкумшудаи ҲНИТ рух дод огаҳӣ надорад.

«Дар мавриди ин ҳодиса ба мо касе муроҷиату шикоят накардааст ва мо бори аввал дар бораи ин ҳодиса аз шумо шунида истодаем», – гуфт ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷон Эмомалӣ.

Шоми дирӯз хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, ки гуруҳе аз ҷавонон бо як автобус ба назди хонаи Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонишудаи Раёсати Олии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар кучаи Аттор 50 омада, хона ва дару деворашро бо тухмҳо зада, дар назди хонааш овезаву плакатҳоро оташ задаанд.

Дар ин бора ба “Озодагон” Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб иттилоъ дода, бо овози гиряолуд афзуд, “дар як автобус қариб 30-40 нафар омаданд. Дар сари куча фуромаданд, омаданд, ячейкаи тухмро заданд, шатта қати дарро заданд, плакатаро сӯзонданд. Як хона сағераи бепадар дорем, ҳама талхакаф шуд дар ин хона. Ин чӣ гап аст?”

Валамат Иброҳимзода мегӯяд, ки онҳо шиор сар медоданд, ки “нест бодо хоинон, нест бодо Кабирӣ ва…. Плакатҳоро оташ заданд. Мо аз шикофии дар пойидем ва онҳоро дидем. Тарсидем, ки агар дарвозаро кушоем ба хона лагад зада, надороянду кӯдаку чӯдакро натарсонанд. Охир маҷбур шудам баромадам”.

Ба гуфтаи ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб ҷавонони тухмзан ва эътирозгар боз дар автобус савор шуда рафтанд. Мегӯяд, ки автобус аз мусофиркашҳои шаҳрии рақами 1 буд, ки “моро тухмшапак карданд, ҳама либосҳоямон пури тухм буд, нав алиш кардем”.

Ба гуфтаи ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб ин эътироз ҷавоб ба ҳузури фарзандон ва аъзои ҲНИТ дар ҷаласаи солонаи САҲА дар Варшаваи Лаҳистон дар умури ҳуқуқи инсон мебошад.

Аз ин пештар гуруҳи ҷавонон, ки худро ҷавонони фаъоли Тоҷикистон ном мебаранд чунин эътирозҳоро дар назди хонаи Саидумар Ҳусайнӣ, муовини зиндонии раиси ҲНИТ ва дар назди хонаи Сайид Абдулоҳи Нурӣ, раҳбари фақиди ҲНИТ низ барпо кардаанд. Ба иддаои ин ҷавонони муътариз фарзандони Ҳусайнӣ ва Нурӣ дар ин ҷаласаи САҲА ширкат кардаанд.

Аксҳо аз Озодагон

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.