Дояи қотили кӯдак дар Маскав ба табобати маҷбурӣ фиристода шуд

Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав таҳқиқи парванда нисбати сокини 39-солаи Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқуловаро ба анҷом расонид. Ин қазия дар ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор оварда буд. Нашрияи «Коммерсант» дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки табибон Бобоқуловаро аз нигоҳи равонӣ бемор шуморида, аз ин рӯ ӯро табобати маҷбурӣ интизор аст. Ҳамроҳ бо маводи […]

Asia-Plus

Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав таҳқиқи парванда нисбати сокини 39-солаи Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқуловаро ба анҷом расонид. Ин қазия дар ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор оварда буд.

Нашрияи «Коммерсант» дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки табибон Бобоқуловаро аз нигоҳи равонӣ бемор шуморида, аз ин рӯ ӯро табобати маҷбурӣ интизор аст. Ҳамроҳ бо маводи парванда муфаттишон ҳамчунин ба прокуратура қарор доир ба мавридди муолиҷаи маҷбурӣ қарор гирифтани ин дояро низ фиристодаанд.

Қобили зикр аст, ки давоми соли равон мақомоти суди шаҳри Маскав чандин маротиба муҳлати ҳабси Гулчеҳра Бобоқуловаро дароз кард. Ӯ ба қатли духтарчаи 4-сола дар Маскав моҳи феврали соли равон айбдор карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки Гулчеҳра Бобоқуловаро пулиси Русия рӯзи 29 феврал бо сари буридаи кӯдак ва нидои "Аллоҳ Акбар!" дар назди истгоҳи метрои Маскав дастгир кард. Ин зан, ки либоси сиёҳ дар тан ва рӯймоли исломӣ дар сар дошт, ба гуфтаи шоҳидон, каллаи кӯдаки кушташударо алвонҷ медод.

Аввали моҳи апрел дар шабакаи интернет навори видео мунташир шуд , ки дар он гӯё гуфтугӯи дояи гумонбар ба қатли кӯдак дарҷ ёфтааст. Дар сабт зан Гулчеҳра Бобоқулова муаррифӣ шуда, рафтори худро ҳамчун қасосгирӣ барои бомбаборонкунии Сурия шарҳ медиҳад.

Ҳамчунин ВАО  иттилоъ дода буданд , ки шаҳрванди Ӯзбекистон Гулчеҳра Бобоқулова бо шаҳрванди Тоҷикистон муносибат дошта, ин шахс ба ӯ афкори динии ифротгароиро талқин мекардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.