Милитсионерҳои аз журналистони қазоқ пул тамаъкарда аз кор озод шуданд

Кормандони милитсия, ки аз журналистони Қазоқистон пул тамаъ кардаву сипас «қаҳрамонон»-и гузориши онҳо дар саҳифаи Фейсбук шуданд, аз кор озод карда шуда, ба роҳбари ин воҳиди мақомот, ки дар он кормандони милиса кор мекарданд, танбеҳ эълон шудааст. «Раҳбарияти ВКД ҳамчунин дастур дод, ки фаъолияти тамоми кормандони милитсия, ки дар назди ёдгориҳои таърихӣ, муҷассамаҳо ва дигар […]

Мавзуна Абдуллоева

Кормандони милитсия, ки аз журналистони Қазоқистон пул тамаъ кардаву сипас «қаҳрамонон»-и гузориши онҳо дар саҳифаи Фейсбук шуданд, аз кор озод карда шуда, ба роҳбари ин воҳиди мақомот, ки дар он кормандони милиса кор мекарданд, танбеҳ эълон шудааст.

«Раҳбарияти ВКД ҳамчунин дастур дод, ки фаъолияти тамоми кормандони милитсия, ки дар назди ёдгориҳои таърихӣ, муҷассамаҳо ва дигар макони таърихиву фарҳангӣ ва ҷойҳои сайёхӣ хизматро ба ҷо меоранд, санҷида шавад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ.

Охири ҳафтаи гузашта гузориши журналисти қазоқ Бақитҷон Буқарбой дар шабакаи Фейсбук пас аз сафар ба Душанбе сарусадои зиёде ба бор овард. Ин рӯзноманигори хориҷӣ бори дигар симои номақбули пойтахти моро ба қалам додааст ва он ҳам дар куҷо? Дар маркази пойтахт – назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ.

Дар гузориш рӯзноманигор менависад, ки дар ҳеҷ куҷое онҳо бо чунин рафтори кормандони милитсия дучор нашудаанд. Кормандони мақомот бе ҳеҷ ибое ҳатто ба онҳо иҷозат додаанд, ки аксҳояшонро бигиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.