Даргузашти собиқ президенти Исроил дар синни 94-солагӣ

Собиқ президенти Исроил Шимон Перес дар синни 94-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора хабаргузории TojNews бо истинод ба Рейтерс ва Israel News Agency хабар медиҳад. Гуфта мешавад, Шимон Перес соати 3:40 дақиқаи 28-уми сентябр ба вақти Тел-Авив дар беморхона ҷон дод. Шимон Перес ду ҳафта қабл 13-уми сентябр ба инсулт гирифтор шуда буд ва […]

TojNews

Собиқ президенти Исроил Шимон Перес дар синни 94-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора хабаргузории TojNews бо истинод ба Рейтерс ва Israel News Agency хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, Шимон Перес соати 3:40 дақиқаи 28-уми сентябр ба вақти Тел-Авив дар беморхона ҷон дод. Шимон Перес ду ҳафта қабл 13-уми сентябр ба инсулт гирифтор шуда буд ва табибон вазъи ӯро хеле вазнин арзёбӣ карда буданд.

Перес аз соли 2007 то соли 2014 президенти Исроил буд. Инчунин ӯ қаблан ду дафъа дар вазифаи вазири корҳои хориҷии ин кишвар фаъолият мекард. Соли 1994 ба Шимон Перес ба хотири имзои созишномаи сулҳ бо мардуми Фаластин Ҷоизаи Сулҳи Нобел дода шуд. Перес яке аз охирон нафароне буд, ки дар ташкили давлати Исроил дар соли 1948 саҳм дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.