БОР: Аксари нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон ба таъмиру азнавсозӣ эҳтиёҷ доранд

Asia-Plus

— Дар Стратегияи шарикии Бонки осиёгии рушд (БОР) бо Тоҷикистон қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон дар мавсими тобистон барзиёдии нерӯи барқ ва дар мавсими тирамоҳу зимистон камбуди он ба мушоҳида расида, ин дар навбати худ ба маҳдуд кардани интиқоли барқ ба минтақаҳо боис мегардад.

Гуфта мешавад, айни замон 98%-и нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. «Соли 2015 камбуди барқ дар мавсими зимистон 1,1 млрд. кВт/соат арзёбӣ шудааст, ки ҳудуди 9% аз истифодаи солонаи барқро ташкил медиҳад», – қайд мекунанд таҳлилгарони байнулмилалӣ.

Дар санад зикр мегардад, ки Тоҷикистон аз имконоти бузарги гидроэнергетикӣ бархӯрдор буда, аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон зинаи 8-умро ишғол мекунад. «Аммо аксари нерӯгоҳҳои барқи обии мавҷуда ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд, чунки онҳо ҳанӯз замони шӯравӣ сохта шудаанд», – таъкид мешавад дар санад.

Қобили зикр аст, ки аз 11 нерӯгоҳи барқи обии миёна ва бузурги Тоҷикистон (бидуни назардошти нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2) синнусоли миёнаи 9-тои онҳо 56 солро ташкил медиҳад, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шудаанд.

Бино ба маълумоти ШСХК «Барқи тоҷик», НБО Варзоб-1 – соли 1937, НБО Варзоб-2 – соли 1949, НБО Варзоб-3 – соли 1952, НБО Қайроқкум – соли 1956,, НБО Шаршара – соли 1958, НБО Сарбанд – соли 1962, НБО Марказӣ – соли 1964, НБО Норак – соли 1972 ва НБО Бойғозӣ – соли 1985 ба истифода дода шудаанд.

Ҳамчунин айни замон дар сохтори «Барқи тоҷик» боз 16 нерӯгоҳи барқи обии хурд ва 2 маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) низ амал мекунанд, ки дутои онҳо – МБГ Душанбе ва МБГ Ёвон солҳои 60-уми асри гузашта мавриди истифода қарор гирифта буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...