Баррасии масоили таҳдидҳо аз Афғонистон дар вохӯрии А.Қаҳҳоров ва Н.Бордюжа

Дар ҷараёни сафири дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа ба Тоҷикистон дар Душанбе мулоқоти ӯ бо котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров доир гардид. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ҷаласаҳои муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД, ки […]

Asia-Plus

Дар ҷараёни сафири дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Николай Бордюжа ба Тоҷикистон дар Душанбе мулоқоти ӯ бо котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров доир гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ҷаласаҳои муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони Шӯрои амнияти СААД, ки баргузоришаон рӯзҳои 13-14 октябр дар Ереван ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ шуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалахои вазъи амният дар ҷаҳону минтақа, таҳдиду чолишҳо ба кишварҳои узви СААД, аз ҷумла аз Афғонистон бармеомада табодули назар карданд.

Имрӯз дидору гуфтушуниди дабири кулли СААД бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки дар Шӯроҳои Ереван баррасии лоиҳаи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД «Дар бораи вокуниши кишварҳои узви СААД ба ҳолатҳои фавқулода», масоили густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байнулмилалӣ бо мақсади истифодаи имконоти онҳо дар кумак ба ҷабрдидагон аз ҳолатҳои фавқулода, рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои оид ба амалисозии самтҳои асосии рушди низоми вокуниши дастаҷамъонаи кишварҳои узви СААД ба ҳолатҳои фавқулода дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.