Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Боку форуми панҷуми гуманитарии байнулмилалӣ ба кор шурӯъ мекунад, ки дар он ҳайатиТтоҷикистон низ ширкат меварзад; – Дар пойтахти Озарбойҷон ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ доир мегардад; – Дар Минск ҷаласаи Шӯро оид ба сиёсати саноатии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Боку форуми панҷуми гуманитарии байнулмилалӣ ба кор шурӯъ мекунад, ки дар он ҳайатиТтоҷикистон низ ширкат меварзад;

– Дар пойтахти Озарбойҷон ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ доир мегардад;

– Дар Минск ҷаласаи Шӯро оид ба сиёсати саноатии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8722 сомонӣ;

1 евро – 8.8169 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1208 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1650 — Дар Лондон нахустин агентии ақди никоҳ кушода шуд.

1926 – Таъсиси ноҳияҳои Айнӣ, Ашт ва Нов (феълан Спитамен).

2011 — Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Боинг 737-900-и худро муаррифӣ намуд, ки бори аввал дар паҳнои ИДМ пайдо шуд.

1843-1882 – Мавлуди шарқшиноси рус, генерал Михаил Скобелев.

1921-1994 – Зодрӯзи шоир, ҷанговари фронт Ҳамдам Ҷӯра.

1925 – Мавлуди найнавоз, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Нисон Шоулов.

1951 – Зодрӯзи чемпиони олимпӣ Юрий Лобанов.

1953 – Мавлуди актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зулфия Тӯйчиева.

1982 – Зодрӯзи гӯштингир Расул Боқиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +21+26.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +23+28.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +5+10, рӯзона +23+28; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +9+14.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +26+31. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +26+28.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.