Мувофиқаи таъини ҳаками мустақил дар баҳси лоиҳаи «Бохтар»

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мурофиаи байнулмилалии ҳакамӣ (арбиражӣ), ки дар он ширкати канадагии Tethys Petroleum бо шарикони худ аз рӯи лоиҳаи Бохтар Bokhtar Operating Company) баҳс мекунад, пас аз таъини ҳаками мустақил оғоз мегардад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Tethys Petroleum, ҷонибҳо ҳакамони аз ҷониби ҳарду тараф пешбаришударо муайян карда, айни замон миёни онҳо масъалаи пешбарии ҳаками сеюми мустақил мувофиқа мешавад, ки бояд то оғози мурофиаи ҳакамӣ таъин гардад.

Дар маълумот хотиррасон мешавад, ки шарикони Tethys Petroleum дар Тоҷикистон – Total-и Фаронса ва Корпоратсияи милли нафту гази Чин (СNPC) дар Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ нисбати Tethys мурофиа роҳандозӣ намуда, талаб карданд, ки аз ширкати «фаръӣ»-и тоҷикистонии Tethys дар робита ба иҷро накардани уҳдадориҳои молиявӣ 9 млн. доллари ИМА (ҷамъи хароҷоти мурофиа) маблағ ситонида шавад.

Дар ин робита, зикр мегардад дар маълумот, Tethys бо даъвои муқобили даъво алайҳи шарикони худ муроҷиат намуда, тақозо намуд, ки аз онҳо ба нафъи худаш 10,1 млн. доллари ИМА рӯёнида шавад.

Қобили зикр аст, ки 19 майи соли равон ширкатҳои Total ва СNPS нисбати ширкати «Кӯлоб Петролеум Лимитед» (ширкати фаръии Tethys Petroleum) бо даъвои рӯёнидани 9 млн. доллари ИМА аз он, бинобар сабаби иҷро накардани уҳдадориҳои молиаш (ҷамъи хароҷоти судӣ зимни мурофиа) ба Додгоҳи байналмилалии ҳакамӣ шикоят бурданд. Даъвои муқобили даъво аввали моҳи сентябр пешниҳод шуд.

Ширкати Tethys Petroleum Limited аз соли 2008 дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Ба ширкат барои кор дар майдони бузург (тақрибан 36 ҳазор метри мураббаъ) дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон иҷозатнома дода шуд. Зикр гардида буд, ки иҷозатнома бо шартҳои мусоид ба муҳлати 25 сол аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дода шудааст.

Ахири моҳи июли соли 2012 раҳбарияти ширкат изҳор дошт, ки дар ҷараёни баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар кони Бохтар «захираҳои хеле бузург»-и нафту газ дарёфт шуданд. Коршиносони ширкат ин захираҳоро бидуни омили хавф 27,5 млрд. баррел нафт арзёбӣ карданд, ки 69%-аш ба газ ва 31%-аш ба нафт ва конденсати газӣ рост меояд. Пас аз ин изҳорот ба захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ширкатҳои маъруфи ҷаҳон ба монанди CNPC ва Total таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Моҳи июли соли 2013 Tethys , Total ва CNPC дар бораи пешниҳоди ҳиссаи иштирок Шартнома ба имзо расонида, мутобиқи он ҳар кадоме аз тарафҳо ба сеяки ҳиссаи иштирок (33,335%) дар Созишномаи Бохтар оид ба тақсими маҳсулот соҳиб шуд.

Моҳи сентябри соли гузашта Total ва СNPS аз Tethys Petroleum Limited-и Канада талаб карданд, ки ширкати канадагӣ аз Созишномаи Бохтар оид ба фаъолияти муштарак хориҷ шавад.

Огоҳиномаи фиристодаи ширкатҳои CNPC ва Total бар он асос ёфтааст, ки Tethys ба санаи 9 октябр пардохт аз рӯи лоиҳа дар моҳи сентябрро дар ҳаҷми тақрибан 1,28 млн. доллари ИМА ва моҳи октябр ба маблағи ҳудуди 780 ҳазор доллари ИМА-ро анҷом надодааст.

Дар ин огоҳинома аз шарикони Tethys комилан хориҷ шудани Kulob Petroleum Limited (ширкати фаръии Tethys) аз Созишнома дар бораи фаъолияти муштарак ва ҳамчунин ба ихтиёри ин ширкатҳо супурдани тамоми ҳисса дар лоиҳаи «Бохтар» тақозо шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Tethys дар маълумоти худ таъкид месозад, ки барои ҳимояи манфиатҳои худ дар лоиҳаи коркарди кони «Бохтар» аз тамоми имконоту талошҳои аз нигоҳи тиҷоратӣ қобили қабул истифода хоҳад кард.

Моҳи январи соли ҷорӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон Мурод Хол зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуда буд, ки тӯли 7 соли корҳо аз рӯи лоиҳаи Бохтар ягон натиҷаи муайян ҳосил нашуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.