Бишкек мақоми ҳузури САҲА дар Қирғизистонро тағйир медиҳад

Суханронии яке аз собиқ пешвоёни ҷомеаи ӯзбекистониҳои Қирғизистон Қодирҷон Ботуров дар машварати САҲА оид ба ченаки инсонӣ дар Варшава, ба қабули қарори ҳукуматдорон доир ба тағйири мақоми ҳузури ин Созмон дар кишвар боис гардид. Хабаргузории «Фергана» рӯи 28 сентябр огаҳӣ ёфтааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба Созмон дар бораи нияти аз 1 январи соли […]

Фергана.ру

Суханронии яке аз собиқ пешвоёни ҷомеаи ӯзбекистониҳои Қирғизистон Қодирҷон Ботуров дар машварати САҲА оид ба ченаки инсонӣ дар Варшава, ба қабули қарори ҳукуматдорон доир ба тағйири мақоми ҳузури ин Созмон дар кишвар боис гардид.

Хабаргузории «Фергана» рӯи 28 сентябр огаҳӣ ёфтааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба Созмон дар бораи нияти аз 1 январи соли 2017 ба Дафтари барномавии САҲА табдил додани Маркази САҲА дар Бишкек хабар додааст.

Як манбаъи огаҳ аз масъалаи мазкур шарҳ додааст, ки ин қарор маънои паст шудани мақомро дорад, вале фарқ миёни ду шакл дар чӣ хоҳад буд, алҳол маълум нест.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон мақсади қарори худро «такмили шаклҳои ҳамкорӣ миёни САҲА ва Қирғизистон, ки ба ҳусни тафоҳум ва ҳамкории зич асос ёфтааст, ҳамчунин беҳбуди самаранокӣ ва таъсирнокии фаъолияти САҲА дар ҷумҳурӣ» унвон карда, «бар ин назар аст, ки ин фаъолият бояд ба талаботи тағйирёбанда ва афзалиятҳои кишвари қабулкунанда мутобиқат дошта бошад».

Лоиҳаи қарори дахлдори Шӯрои доимии САҲА ояндаи наздик аз ҷониби ҳайати Қирғизистон дар Вена ба раиси амалкунандаи САҲА пешниҳод мешавад.

Ёдрас мекунем, ки собиқ вакили парлумони Қирғизистон, ӯзбеки этникӣ ва тоҷир Қодирҷон Ботуров ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ моҳи июни соли 2010, фаъолияти ҷудоиандозӣ ва барангехтани адовати милливу нажодӣ, динӣ ва байниминтақавӣ муттаҳам дониста мешавад.

Суди шаҳри Ҷалолобод ӯро ғоибона ба ҳабси абад бо мусодираи амвол маҳкум кард. Ҳанӯз то суд Ботуров ба ҳаққи паноҳандагӣ дар Шветсия соҳиб шуда буд. Дар муроҷиати худ моҳи декабри соли 2010 ӯ тамоми айбномаҳои нисбаташ пешниҳодшударо рад карда, назари худ ба рӯйдодҳои он рӯзҳои фоҷеаборро изҳор карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.