ФАО ҳушдор медиҳад: зукоми мурғ боз ҳамла мекунад!

Соли равон дар парандагони кӯчанда ё муҳоҷири Русия ангезаи вируси зукоми мурғ ошкор карда шуд ва дар ин робита Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Шарқи Наздик, Аврупо ва Африқои Ғарбӣ тавсия додааст, ки ба паҳншавии эҳтимолии ин вирус омодагӣ гиранд. Мутахассисони тоҷик бар ин назаранд, ки хатари он […]

Asia-Plus

Соли равон дар парандагони кӯчанда ё муҳоҷири Русия ангезаи вируси зукоми мурғ ошкор карда шуд ва дар ин робита Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Шарқи Наздик, Аврупо ва Африқои Ғарбӣ тавсия додааст, ки ба паҳншавии эҳтимолии ин вирус омодагӣ гиранд. Мутахассисони тоҷик бар ин назаранд, ки хатари он ба кишвари мо ба ҳадди ниҳоӣ паст аст.

Сардори шуъбаи нозироти чорабиниҳои зиддиэпизоотии Хадамоти давлатии назорати байтории Вазорати кишоварзии ҶТ Исмоил Ҳамдамов мегӯяд, дар доираи барномаи пешгирӣ ва мубориза бо зукоми мурғ тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои озмоиш дар ҷумҳурӣ мавҷуд буда, дар таҳқиқоти гузаронидашудаи хуни мурғони хонагиву ваҳшӣ вируси ин беморӣ ошкор нашудааст.

«Ҳамчунин дар тамоми гузаргоҳҳои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон хадамоти санитариву карантинӣ ин масъаларо назорат карда, воридоти маҳсулоти парандапарварӣ аз кишварҳое, ки дар онҳо зукоми мурғ ба қайд гирифта шудааст, манъ аст. Захираҳои дорувориву дастгоҳҳои тиббии мубориза ва поксозии ин вирус низ ба қадри кофӣ мавҷуд аст», – гуфт ӯ.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, сардухтури санитарии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки паҳншавии вируси ин беморӣ дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур аст.

«Аз соли 2005 қариб ҳар мавсим мутахассисон тамоми қаламрави имконпазири пайдошавии ин вирусро таҳқиқ мекунанд, вале ягон ҳолат ошкор нашудааст. Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки бо фарорасии сардӣ аксари парандагон ба ин ҷо мекӯчанд ва ин вазъ нигаронӣ ба бор меорад, вале таҳқиқоти доиргардида гувоҳи он аст, ки хавфу хатар қариб вуҷуд надорад», – иброз дошт номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.