Аксбардории нахусти духтари ҳиҷобпӯш барои Playboy

Дар доираи амалисозии лоиҳаи Renegades 2016 бори нахуст мусалмондухтари ҳиҷобпӯш барои маҷаллаи Playboy аксбардорӣ кард. The Mashable менависад, ҷавонзани 22-солаи рӯзноманигор Нур Тагурӣ ба ин васила ба ҷомеае, ки ба инсон чӣ гуна зиндагӣ карданро талқин мекунад, эътироз баён карданӣ шудааст. Ба ҷуз аксбардорӣ, рӯзноманигор бо нашрия мусоҳибаи ошкоро ороста, доир ба масъалҳои хоксориву шармгинӣ, […]

Asia-Plus

Дар доираи амалисозии лоиҳаи Renegades 2016 бори нахуст мусалмондухтари ҳиҷобпӯш барои маҷаллаи Playboy аксбардорӣ кард.

The Mashable менависад, ҷавонзани 22-солаи рӯзноманигор Нур Тагурӣ ба ин васила ба ҷомеае, ки ба инсон чӣ гуна зиндагӣ карданро талқин мекунад, эътироз баён карданӣ шудааст.

Ба ҷуз аксбардорӣ, рӯзноманигор бо нашрия мусоҳибаи ошкоро ороста, доир ба масъалҳои хоксориву шармгинӣ, мушкилоти муассири журналистика, бадгумонӣ нисбати амрикоиҳои мусалмон дар вазъи ҳозираи сиёсӣ ва шикасти тамғаҳои аз ҷониби умум қабулшудаи ҷомеа изҳори назар кардааст.

Бино ба иттилои СNN, Нур Тагурӣ дар портали иттилоотии амрикоии Newsy ба ҳайси хабарнигор фаъолият дошта, изҳор намудааст, ки хоҳиши ровии телевизион шуданро дорад, ки бори нахуст аз шабакаи телевизиони амрикоӣ бо ҳиҷоб дар барнома суханронӣ мекунад.

Силсилаи Renegades яке аз лоиҳаҳое мебошад, ки дар саҳифаҳои Playboy баъди комилан дигаргун шудани консепсияи нашрия дар мавриди даст кашидан аз чопи аксҳои урёни моделҳо рӯйи кор омад. Лоиҳа ба намояндагони индустрияҳои гуногун бахшида шудааст, ки ба хонандагон нигоҳи тоза ба касби худро пешниҳод карда метавонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.